Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Мебарад ҳуш аз сарам он чеҳраи равшан ҳанӯз,
Мебарад ҳуш аз сарам он чеҳраи равшан ҳанӯз, Чун пари парвона доғам пеши он гулхан ҳанӯз. Ошиқон аз ҳасрати дидори ӯ худ мурдаанд, Он ситамгар нест сер аз шеваи
Биё, ки бе ту дили зор гаштааст ранҷур,
Биё, ки бе ту дили зор гаштааст ранҷур, Зи мижжа гар фиканам ашк, мечакад носур. Магир айби касон, то ба худ наяндешӣ, Гувоҳи туҳмати беҳад, адовати мавфур.
Як нафас аст зиндагӣ, заҳмати ину он мабар,
Як нафас аст зиндагӣ, заҳмати ину он мабар, Мижа фароз то кунӣ, меравӣ олами дигар. Ёди баҳори тифлагӣ дам ба дамам фузуд ғам, Лола зи доғи ғунчагӣ карда кулоҳи
Надошт тоқати сабре дигар дили маҳҷур,
Надошт тоқати сабре дигар дили маҳҷур, Ба нола сарфи нафас мекунад кунун маъзур. Чу нақши по ба замин маҳви ҳайрат афтодам, Зи боли маҳмили Лайливу корвонам дур
Сабре намонд (зи) ғафлати он чашми хобгир,
Сабре намонд (зи) ғафлати он чашми хобгир, Эй дил, биёву рухсати моро ҷавоб гир. Ин маслаҳат чи гунаву ин тунд хӯ чаро? Алтоф кун рақибу маро дар итоб гир.
Бе сиришки дидаи тар нест тоат эътибор,
Бе сиришки дидаи тар нест тоат эътибор, То нагиряд абри найсон, тоза набвад лолазор. Пеши мардум з-эътибори худ хиҷолатмояам, Гарчи хислат кардаме ташҳири худро
Як сӯ фитад зи орази гармаш ниқоб гар,
Як сӯ фитад зи орази гармаш ниқоб гар, Хуршед об мешавад, набвад саҳоб гар. Аз боди васлу лаззати дидор қонеам, Гоҳе шавад назорати рӯяш ба хоб гар.
То куҷо, ё Раб, тақозои сафар дорад баҳор,
То куҷо, ё Раб, тақозои сафар дорад баҳор, Ҳамчу барқ аз тез рафтан як назар дорад баҳор. Рангҳо з-авроқ бурду бӯйро бар бод дод, Нусхаи аҷзои худро мухтасар до
Агар зи доғи дили дардманд кунам таҳрир,
Агар зи доғи дили дардманд кунам таҳрир, Даҳони хома пурахгар шавад чу оташгир. Чу субҳ дида кушодам ба синаи софе, Ба ранги зард гузаштем ҳамчу моҳи мунир.
Мекушоям дар раҳаш аз дидаи бедор дар,
Мекушоям дар раҳаш аз дидаи бедор дар, То занад гоҳе магар он тифли гулрухсор сар. Лутфи ҳар шай шевае дархӯрди истеъдоди ӯст, Аз лабон зебад такаллум, аз сари
Ба кӯйи ёр навиштам дами саҳар коғаз,
Ба кӯйи ёр навиштам дами саҳар коғаз, Чу шамъ гиря намудам, ки гашт тар коғаз. Магар зи дуди дили доғ кардаанд мидод, Ки хома аз асари ҳарф медиҳад шарар коғаз.
Тавсифи хатат то шуда дар гулшани коғаз,
Тавсифи хатат то шуда дар гулшани коғаз, Чун нофа дамад мушк зи во кардани коғаз. Шояд ки паёми ту бари мо бирасонад, Маҳкам бигирифтем чу хат домани коғаз.
Он маҳ чи ҷафо кард, намекард, накӯ буд,
Он маҳ чи ҷафо кард, намекард, накӯ буд, Ӯ тарки вафо кард, намекард, накӯ буд. Пайванди муҳаббат, ҳама асбоби маишат Бо аҳли дағо кард, намекард, накӯ буд.
Эй, дил ба хами силсилаи зулфи ту дар банд,
Эй, дил ба хами силсилаи зулфи ту дар банд, Бисёр аз ин банд ба ин дилшуда мапсанд. Ҷуз расми ҷафо бар сари мо ҳеч наёвард, Ойини вафо пеша намудем ба ҳарчанд.
Ғуборам, то зи гарди домани дилдор гулчин шуд,
Ғуборам, то зи гарди домани дилдор гулчин шуд, Гулистон шуд, чаман шуд, сабз шуд, товуси рангин шуд. Ба сайри бӯстон он сарви раъно чун хиром овард, Навои хайра
Аз рақибон моҳи ҳуснаш қобили таҳсин нашуд,
Аз рақибон моҳи ҳуснаш қобили таҳсин нашуд, Дар дами дай ҳеч гулзоре баҳороин нашуд. Бо алоиқ хӯ гирифтан ҷуз сияҳкорӣ надошт, Зангро з-ойина то наздуд, оламбин
Бар сари мо сояи чархи ғамин бинҳодаанд,
Бар сари мо сояи чархи ғамин бинҳодаанд, Рӯзгори тирае бар мо аз ин бинҳодаанд. Пайкари ҳастии мо таркиби аздод асту бас, Боду хоку обу оташро қарин бинҳодаанд.
Соқӣ, биёр бода, ки шоми шубоб шуд,
Соқӣ, биёр бода, ки шоми шубоб шуд, Мутриб намой нола, ки пирӣ шитоб шуд. Ҷаври замона то каю ёрон ҳасуд чанд, Маҳшар карона то куҷо, олам хароб шуд.
Биҳамдуллаҳ, ки он дилдор, гарчи рафт, зуд омад,
Биҳамдуллаҳ, ки он дилдор, гарчи рафт, зуд омад, Ба таъзимаш қиёме хостам созам, суҷуд омад. Чу рафт аз пеши чашмам, он чи будам, рафт аз олам, Чу он нозофарин
Бисмиламро болу пар аз хуни худ рангин нашуд.
Бисмиламро болу пар аз хуни худ рангин нашуд. Рангҳо дар теғи қотил буд, аммо ин нашуд. Ҳар куҷо чун соя вазъи саҷда пайдо кардаам, То шавад аз нақши пойе ҷабҳа
Саҳиқаде, ки ба як ҷилва интизорам кард,
Саҳиқаде, ки ба як ҷилва интизорам кард, Асири зулфи сияҳ, чашми сурмадорам кард. Надошт бар сари ман шеваи вафодорӣ, Дилам рабуду ба ғам кушту хору зорам кард.
Турки Хитойи навхате ҷилваи дилбарона кард,
Турки Хитойи навхате ҷилваи дилбарона кард, Дил зи барам гирифту рафт, боз ба ман равона кард. Субҳидамона омад ӯ бо рухи ҳамчу офтоб, Шоми касон сабоҳ кард, су
Осмон шаборӯзӣ бебадал карам дорад,
Осмон шаборӯзӣ бебадал карам дорад, К-аз нуҷуму меҳру маҳ киса пурдирам дорад. Барг-барги ин гулшан нақши ибратэҷод аст, Ранг ҳам чу бӯ ин ҷо ҷилваи адам дорад.
Рӯят ба гулу баҳор монад,
Рӯят ба гулу баҳор монад, Зулфат ба хати ғубор монад. Бахти баду толеи сиёҳам Бо кокули мушкбор монад.
Медиҳад сози дамиданҳои субҳам ин навид;
Медиҳад сози дамиданҳои субҳам ин навид; Ҳосили ин базм мазмунест натвонаш шунид. Ҳамчу пире ҳам ҷавоне сарфадори мурдан аст, Мева барҳам мехурад гоҳе расад, га

