Эй ҳарифон, вақти гул дар бӯстон маҷлис кунед!
Эй ҳарифон, вақти гул дар бӯстон маҷлис кунед!
Лоларӯе иттифоқ афтад, ба худ мӯнис кунед!
Аз лабаш бӯседу май нӯшед, аммо вақти хоб,
Ҷой дар пои гулу дар сояи наргис кунед!
Дар ҳузури хубрӯён арзи дониш хуб нест,
Маст гардед аз майи рангину тарки ҳис кунед!
Ҳаст чун қалбошноӣ назди хубон муътабар,
Аз тило гаштан пушаймонем, моро мис кунед!
Илтимоси банда, Шоҳин, ин бувад, эй дӯстон,
К-андарон маҷлис даме ёд аз мани муфлис кунед!