Шеърҳо
Пурхонандатарин шоирони муосир
Пурхонандатарин шеърҳо
Дониш андар дил чароғи равшан аст
То ҷаҳон буд аз сари одам фароз, Кас набуд аз роҳи дониш бениёз. Мардумони бихрад андар ҳар замон, Роҳи донишро ба ҳар гуна забон.
Забони модарӣ
Ҳарчи ӯ аз моли дунё дошт, дод, Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод, Суннати волою девон дошт, дод, Тахти Сомон дошт, дод.
Таджикистан — мой родной край
Таджикистан — мой родной край, Цветёшь ты, словно дивный рай. Живётся вольно, преград нет, В сердцах свобода, как рассвет.
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо
Зан агар оташ намешуд, хом мемондем мо, Норасида бодаи дар ҷом мемондем мо. Зан агар моро намебахшид умри ҷовидон, Бетахаллус, бенасаб, беном мемондем мо.
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд
Ҳар касеро баҳри коре сохтанд, Майли онро дар дилаш андохтанд. Пайи илм ҳамчу шамь бояд гудохт, Ки бе илм Худо натавон шинохт.
Шикоят аз пирӣ
Маро бисуду фурӯ рехт ҳарчи дандон буд, Набуд дандон, ло, бал чароғи тобон буд. Сапеди симрада буду дурру марҷон буд, Ситораи саҳарӣ буду қатраи борон буд!
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд
Ҳар бод, ки аз суйи Бухоро ба ман ояд, Бо буйи гулу мушку насими суман ояд. Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод?! Гӯйӣ, магар он бод ҳаме аз Хутан ояд.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест
Тифл мондам аз ту модар, рӯйи ту дар ёд нест, Қомати ту чашми ту абрӯйи ту дар ёд нест. Дар суроғат мезанам худро ба ҳар як кӯю дар, Чун, ки то имрӯз модар кӯйи
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун
Офтобо, бори дигар хонаро пурнур кун, Дӯстонро шод гардон, душманонро кӯр кун! Аз паси кӯҳе барову сангҳоро лаъл соз, Бори дигар ғӯраҳоро пухтаву ангур кун!
Одамият
Тани одамӣ шариф аст ба ҷони одамият, На ҳамин либоси зебост нишони одамият! Агар одамӣ ба чашм асту даҳону гӯшу бинӣ, Чӣ миёни нақши девору миёни одамият!
Ватан сар мешавад аз гоҳвора
Ватан сар мешавад аз гоҳвора, Зи шири поку аз пистони модар. Ватан сар мешавад аз он тавора, Ки онро сохта дастони модар.
Биёед эй рафиқон дарс хонем
Биёед эй рафиқон дарс хонем, Ба бекорию нодони намонем. Ба олам ҳар касе бекор гардад, Ба чашми аҳли олам хор гардад.
Забон гумкарда
Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае, Дар замину дар замон гумкардае. Ин нишон гумкардаеву дигаре, Хештанро бенишон гумкардае.
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ
Мо ҳеҷ, замона хеҷ, дунё ҳама ҳеҷ. Эй ҳеҷ, зи баҳри хеҷ бар ҳеҷ мапеч. Донӣ, ки зи одамӣ чӣ мемонаду бас? Меҳр асту муҳаббат асту боқӣ ҳама ҳеҷ!
Ҷони ширин (қисми 1)
Ҷони ширин, ин қадар ҷангам макун, Ин қадар беҳуда дилтангам макун. Гашта-гашта дар сафар боз омадам,
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст, Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст. Имрӯз касе маҳрами асрори касе нест, Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Бӯи ҷӯи Мӯлиён
Бӯи Ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме, Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме. Реги Омуву дурушти роҳи ӯ, Зери поям парниён ояд ҳаме.
Хандаи лола
Бихандад лола бар саҳро, Ба сони чеҳраи Лайло. Бигиряд абр бар гардун, Ба сони дидаи Маҷнун.
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ
Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ, Ҳар ҷо ки равӣ, азизу маҳрам бошӣ, Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз, То тоҷи сари наберагони Одам бошӣ.
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед
Эй қавми ба Ҳаҷ рафта, куҷоед, куҷоед? Маъшуқ ҳамин ҷост, биёед, биёед. Маъшуқи ту ҳамсояву девор ба девор, Дар бодия саргашта шумо дар чӣ ҳавоед.
Худо гар парда бардорад
Худо гар парда бардорад зи рӯи кори одамҳо, Чӣ шодиҳо хӯрад барҳам, чӣ бозиҳо шавад расво. Яке хандад зи ободӣ, яке гиряд зи барбодӣ, Яке аз ҷон кунад шодӣ, яке
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Ҳаққи устод аз падар беш аст
Ҳаққи устод аз падар беш аст В-аз падар устод дар пеш аст. Гар падар аз ҳаёт баҳра диҳад, Устод аз наҷот баҳра диҳад.
Тоҷикистон
Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат
Ҳамаи шеърҳо
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Байти мо
Байти мо оҳ мекашад бар руи сарду дарди мо Пири Рум бар ҳуш дарояд аз нуши ҷоми талхи мо Эй, ки бо мо по фитодӣ, вазъи моро бишнавӣ, Барзанад нам аз замини сухт
Хомуши
Гулҳои баҳор мурданду, боз Сардии шабҳои дароз Хомуши... Наборид борон, гар чи ба у буд ниёз
Нуқта ба нуқта
Аз паи даводави, гардиши фатҳи маром Нуқта ба нуқта, му ба му, қатра ба қатра гом ба гом
Моро зи ғами ёр олами ғам бар душ аст
Моро зи фироқи ёр, олами ғам бар душ аст Дарди сари мо зи дарди оламгири туст! Ҳар кас соате бо мо ҳамдарди кунад Канад бечора зи худ ҷумла мӯю сару пуст
Мо зи худ бовар кашидем ақли дур андешро
Мо зи худ бовар кашидем ақли дур андешро Ҷон ба ғурбат месупорем ҷони некандешро Эй ки бо мо по фитодӣ, вазъ аз мо нашнави Панд пеш додем ба ту, то панд додем х
Рубои
Гар бар сари нафси худ амири марди Бар куру кар ҳар нуқта нагири марди Марди набувад фитодаро пой задан Бар куру кар ҳар нуқта нагири марди
Нури хуршед
Гум гаштаам ман охир дар моҳу нури хуршед, Валлаҳ, ки Ҳақ донад ин нуру зоти хуршед Тавофу чархи ботин нур аст зи нури Яздон Пас ту биёву роҳ гир ин нури нури х
Мо аз он сӯхтагонем, ки зи кас кина надорем
Мо аз он сӯхтагонем, ки зи кас кина надорем, Як шаҳр пур аз душман, лек як дӯст надорем. Шароби талх наменӯшем, вале мастона мегардем, Либоси кӯҳна мепӯшем, вал
Дӯст агар ғамхор бошад
Дӯст агар ғамхор бошад, мисли у ғамхор бош. Дӯст агар бемор бошад, дӯсти дилбардор бош. Дӯст агар ғамгин бигардад аз талоши зиндагӣ То тавони дасти ӯро гир, бар
Кур агар бино шавад, аввал асоро бишканад
Лутфи беҳад арзиши меҳру вафоро бишканад, Ҳар матое аз фаровони баҳоро бишканад. Дастирӣ гар кунӣ аз ҳар касе, ҳушёр бош, Кур агар бино шавад, аввал асоро бишка
Гаҳе девонаву мастам
Гаҳе девонаву мастам, Гаҳе дар ҳолати пастам, Гаҳе бо ғусса пайвастам, Худовандо, бигир дастам.
Падар
Падар хуб асту, модар нозанин аст, Бародар меваи рӯи замин аст.
Дар боғи бе ту ба ман ҷой надиҳанд
Дар боғи Биҳишт бе ту ба ман ҷой надиҳанд, Ҳам бе ту шароби нобу оби Кавсар надиҳанд. Гӯянд, ки: - Куҷост он-к Сафои дилӣ мост? Бе ту ки равони ман ба колбад на
Нафасам
Ту ҳар нафасам, ту нури чашмони манӣ, Ту ҷону дилам, ба дардам дармони манӣ. Ман бе ту ҷаҳонро чӣ кунам, маъно надорад, Ту худ дунёву ҷаҳон, ягона маънои манӣ.
Дар тасвири ҳоли Ҳисор ҳангоми заминларзаи соли
Фиғон зи ранги зуҳури ҳаводиси офоқ Назад ба рӯйи ҷаҳон ғайри нақши буғзу нифоқ. Яке, аз ҷумла, аз он бин тазалзули айём Ба ҳеҷ қарн нашуд дар бисоти ин итбоқ.
Дар бораи баёни ҳоли Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат
Ҷавони хирадманди некӯниҳод, Чу ӯ модари даҳр ҳаргиз назод. Ба кашфи румузу ба дарки умур Надида назираш синину шуҳур.
Карда афъии ду зулфат зи ясору зи ямин
Карда афъии ду зулфат зи ясору зи ямин Баҳри қатли мани бечора зи ҳар гӯша камин. Зулфи мушкини пур аз чини ту ишратгаҳи дил, Чашми махмури пур аз нози ту ғорат
Қасида дар шикоят
Дар ин ҷаҳони кудуратнишони афсунгар, Дар ин замони нуҳусатъаёни дунпарвар Чӣ ҷаврҳо ки накардаст бо ман ин гардун, Чӣ зулмҳо ки накардаст бо ман ин ахтар.
Дар роҳи дилам ҷуз ту касе ёр мабод
Дар роҳи дилам ҷуз ту касе ёр мабод, Ҷуз ту маҳу хуршед дигар моҳ мабод. Бе васли ту ин сипеҳр дурахшон мабод, Шаҳри ҳавасам бе ту чу обод мабод.
Ғайри ту
Ғайри ин дарёи ту ғайри дигар пайдо нашуд, Ҷумла олам гашт фурӯзон оламе пайдо нашуд. К-аз фироқи ту кашидам заҷри ин паймонаро Дарди ман афзуду дармони дигар
фазои ирфон
Бигурез з-ин харобод, ки ба худ расида бошӣ Ба кафе чу сояи арш ба даре расиди бошӣ Ба мақоми Зулҷалоле ҳама як бол доранд Бикушо ту ин қиёмат, ки ба мақом рас
Марсия
I Дӯстон! Фоҷиаи сахт биёмад ба сарам, Рафт аз ин фоҷиа рӯҳ аз тану нур аз басарам. Хабаре омаду рафт аз дилу ҷон тоқату ҳуш,
Шаб, ки тӯфонҷӯшии чашми тарам омад ба ёд,
Шаб, ки тӯфонҷӯшии чашми тарам омад ба ёд, Фикри дил кардам, балои дигарам омад ба ёд. Бо кадомин обрӯ хоки дараш хоҳӣ шудан? Доғ шав, эй ҷабҳа, домони тарам ом
Тоҷикем мо
Рӯдакиро кӯр кардан, бас набуд, Бӯ Алиро пӯст кардан, бас набуд. Пушти Айнӣ гашта чун мори сиёҳ, Навбатӣ мо мерасад? Эй рӯсиёҳ!
Агар он Турки Шерозӣ
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро, Дилам бошад,азони ӯ диҳад бар мо Бухороро. Аё Ҳофиз,чаро додӣ?Самарқанду Бухороро, Ки он туркони Шерозӣ ба яғмо бур


