Шоирон
🔍
АсосӣШеърҳоШоирон
Ҳусайни Мунзавӣ
Ҳусайни Мунзавӣ

Ҳамвора ишқ бехабар аз роҳ мерасад

Ҳамвора ишқ бехабар аз роҳ мерасад, Ҳамчун мусофире, ки ба ногоҳ мерасад. Во мениҳам ба ашку ба мижгон тадорукаш, Чун вақти обу ҷоруи ин роҳ мерасад. Инат зиҳӣ шукӯҳ, ки наздат каломи ман, Бо мувкиби насими саҳаргоҳ мерасад. Бо дигарон намениҳадат дил ба доманат, Чандон, ки дасти хоҳиш кутоҳ мерасад. Майли камингирифта палангона дар дилам, То оҳуи ту кай ба камингоҳ мерасад. Ҳангоми васли мост ба боғи бузурги шаб, Вақте ки себи нуқраии моҳ мерасад. Шоир, дилат ба роҳ биёвезу аз ғазал, Тоқе бизан хуҷаста, ки дилхоҳ мерасад.