Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дар боғи бе ту ба ман ҷой надиҳанд
Дар боғи Биҳишт бе ту ба ман ҷой надиҳанд, Ҳам бе ту шароби нобу оби Кавсар надиҳанд. Гӯянд, ки: - Куҷост он-к Сафои дилӣ мост? Бе ту ки равони ман ба колбад на
Дар роҳи дилам ҷуз ту касе ёр мабод
Дар роҳи дилам ҷуз ту касе ёр мабод, Ҷуз ту маҳу хуршед дигар моҳ мабод. Бе васли ту ин сипеҳр дурахшон мабод, Шаҳри ҳавасам бе ту чу обод мабод.
Ғайри ту
Ғайри ин дарёи ту ғайри дигар пайдо нашуд, Ҷумла олам гашт фурӯзон оламе пайдо нашуд. К-аз фироқи ту кашидам заҷри ин паймонаро Дарди ман афзуду дармони дигар
Куҷо рафтӣ
Ба ҳар ҷое сафар кардам,туро ҷӯстам,туро ҷӯстам, Ба ҳар сӯе назар кардам,туро ҷӯстам туро ҷӯстам. Бигӯ ҷоно куҷо рафтӣ?маро танҳо бигзоштӣ, Дарин олам чи сон бо
Туро хоҳам
Ҳанӯз ҳам аз Худо дар ҳар дуоям ман туро хоҳам, Агарчи рафтӣ аз ман, лек боз ҳам туро хоҳам. Диламро бурдаӣ, рафтӣ, намедонам чаро охир? Ҳанӯз ҳам аз миёни мард
Имшаб афтодааст шӯре дар миёни ошиқон
Имшаб афтодааст шӯре дар миёни ошиқон Гӯӣ он кони намак шуд меҳмони ошиқон.
Зи ишқат оташе дар бӯта дирам,
Зи ишқат оташе дар бӯта дорам, Дар он оташ дилу ҷон сӯта дорам. Сагат гар по ниҳад бар чашм, эй дӯст, Ба мижгон хоки роҳаш рӯта дорам.
Бало мардаш ба коми дилбарам бӣ,
Бало мардаш ба коми дилбарам бӣ, Суханҳои хушаш тоҷи сарам бӣ. Агар шоҳам бибахшад мулки Шероз, Ҳамон беҳтар, ки дилбар дар барам бӣ.
Азизун, аз ғаму дарди ҷудоӣ,
Азизун, аз ғаму дарди ҷудоӣ, Ба чашмонам намонда рӯшноӣ. Гирифторам ба доми ғурбату дард, На ёру ҳамдаме, на ошное.
Зи дасти ишқ ҳар шав ҳолам ин бӣ,
Зи дасти ишқ ҳар шав ҳолам ин бӣ, Сарирам хишту болинам замин бӣ. Хушам ин бӣ, ки му та дӯст дирам, Ҳар он та дӯст дора, ҳолаш ин бӣ.
Нигори тозахези му, куҷоӣ,
Нигори тозахези му, куҷоӣ, Ба чашмон сурмарези му, куҷоӣ. Нафас бар синаи Тоҳир расида, Дами мурдан, азизи му, куҷоӣ?
Замони лолазорун ҳафтае бӣ,
Замони лолазорун ҳафтае бӣ, Ки фасли навбаҳорун ҳафтае бӣ. Ғанимат дун висоли ёри ҷонӣ, Ки васли рӯи ёрун ҳафтае бӣ.
Бимирам, то та чашми тар навинӣ,
Бимирам, то та чашми тар навинӣ, Шарори оҳи пурозар навинӣ. Чунон аз оташи ишқат бисӯзам, Ки аз му ранги хокистар навинӣ.
Дил аз дасти ғамат зеру забар бӣ,
Дил аз дасти ғамат зеру забар бӣ, Ду чашмонам пур аз хуни чигар бӣ. Ҳар он ёри азизаш нозвар бӣ, Дилаш пурғусса, ҷонаш пуршарар бӣ.
Дили му з-оташи ғам сӯтанӣ бӣ,
Дили му з-оташи ғам сӯтанӣ бӣ, Ба ҷонам сӯзи ишқ афрӯтанӣ бӣ. Гираҳ нокарда ришта дар кафанҳо, Ба шоҳону гадоён дӯтанӣ бӣ.
Ба дунёи данӣ кай монданӣ бӣ,
Ба дунёи данӣ кай монданӣ бӣ, Ки доман бар ҷаҳон афшонданӣ бӣ. Ҳаме «Ло тақнату» хонӣ, азизо, Дило, «Ё вайлано» ҳам хонданӣ бӣ.
Саҳаргоҳон, ки булбул бар гул оӣ,
Саҳаргоҳон, ки булбул бар гул оӣ, Ашки чашмам ба домон гул-гул оӣ. Равам, дар пои гул афғон карам сар, Ки ҳар сӯтадиле дар ғулғул оӣ.
Зи дил берун ба бахтам нола н-оӣ,
Зи дил берун ба бахтам нола н-оӣ, Зи мижгуни тари му жола н-оӣ. Шаве н-оя, ки му хобат бувинам, Ба бахти му ба чашмам лола н-оӣ.
Му ҳар шому саҳар гирям ба кӯе,
Му ҳар шому саҳар гирям ба кӯе, Ки ҷорӣ гардад аз ҳар гӯша ҷӯе. Муи бечора андар боғи васлат, Ҳар он чи лола корам, хор рӯӣ.
Ба доми дилбаре дил мубтало бӣ,
Ба доми дилбаре дил мубтало бӣ, Ки ҳиҷрунаш бало, васлаш бало бӣ. Дар ин вайрона ҷуз дилхун надидам, На дил, гӯӣ, ки дашти Карбало бӣ.
Агар номеҳрубонам меҳрубон бӣ,
Агар номеҳрубонам меҳрубон бӣ, Чаро аз дидагонам хун равон бӣ? Агар дилбар ба му дилдор меша, Чаро дар тан маро на дил, на ҷон бӣ.
Дури ашкам ба домон рета авло,
Дури ашкам ба домон рета авло, Хуни дилам зи чашмон рета авло. Ба кас ҳарфе зи ҷаврат вонавоҷам, Ки ҳарфи ҷавр пинҳон рета авло.
Занам аз баҳри ёре гиҷу виҷе,
Занам аз баҳри ёре гиҷу виҷе, Шавонам ов аз чашмон биреҷӣ. Ҳар кӣ рози дилаш воҷа ба мардум, Ё аз девонагӣ бу, ё зи гиҷӣ.
Азизо, мардӣ аз номард н-оӣ,
Азизо, мардӣ аз номард н-оӣ, Фиғону нола аз бедард н-оӣ. Ҳақиқат бишнав аз пури Фаридун, Ки шӯъла аз танӯри сард н-оӣ.
Напиндорӣ, ки бустон хуштарам бӣ,
Напиндорӣ, ки бустон хуштарам бӣ, Сарам бу гӯи майдон, хуштарам бӣ. Чу гулхан тору торика ба чашмам, Гулистон бе та зиндон хуштарам бӣ.

