Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Ушшоқ ба ёди ёр агар ҳар рӯзанд
Ушшоқ ба ёди ёр агар ҳар рӯзанд, Аммо шабу рӯз дилбарон месӯзанд. Дар арсаи ишқ ҳеҷ мағлубе нест, Ошиқ агаранд, ҳар ду ҳам пирӯзанд.
Равӣ аз кӯчаҳо хушбахту масрур
Равӣ аз кӯчаҳо хушбахту масрур, Чиноросо бари шаҳраҳ кашӣ қад. Баланд аз хеш гардӣ ҷониби нур, Ки бо гардун шавӣ ҳамрозу ҳамқад.