Шеърҳо бо теги: ошиқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ошиқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Шоирон
Ошиқи дардем, пас баред даворо
Ошиқи дардем, пас баред даворо, Талх месозед коми рағбати моро. Ай сафи аҳли ҳавас, низоъ надорад, Оташи моро, гули биҳишти шуморо.
Ай ишқ, гурез аз дили мо
Ай ишқ, гурез аз дили мо В-ай ғам, гузаре ба манзили мо. Ай ҳаҷр, мурувват аст, мурдем, То чанд шиканҷаи дили мо?
Шефта шав, дило, яке орази дилфурӯзро
Шефта шав, дило, яке орази дилфурӯзро, Рашки ҳаёти Хизр кун зиндагии дурӯзро. Лаъли карашмасозро чошнии итоб деҳ, Чини ғазаб зиёда кун абруйи кинатӯзро.
Хор дар ҷайби гулистон фиканад гулхани мо
Хор дар ҷайби гулистон фиканад гулхани мо, Даста бар нағмаи Довуд занад шевани мо. Мо, маломатзадагон, офати маҳсули худем, Хӯшачин барқ ба доман барад аз хирма