Шефта шав, дило, яке орази дилфурӯзро
Шефта шав, дило, яке орази дилфурӯзро,
Рашки ҳаёти Хизр кун зиндагии дурӯзро.
Лаъли карашмасозро чошнии итоб деҳ,
Чини ғазаб зиёда кун абруйи кинатӯзро.
Шуъламиҷоз мутрибо, сахт фусурдахотирам,
Оташи нағма тез кун, соз тамом сӯзро.
Тавсани ҷилваро инон ҷониби бедилон фикан,
Машъали роҳи ваъда кун барқи баҳонасӯзро.
Сина ба шоми бедилон соф намекунад саҳар,
Бо шаби мо адовате ҳаст ҳамеша рӯзро.
Дар дили хеш мехалам ҳар нафасе, ки бо ҷигар
Ҳаст карашмагунае новаки синадӯзро.
Ман ба карам сазо наям, лек ту шахси ҳимматӣ,
Рутбаи офтоб деҳ кирмаки шабфурӯзро.
Ишқ куҷо, ҳавас куҷо, Толиб, аз ин ғалат гузар,
Тафриқа кун яке зи ҳам шаъни палангу юзро.