Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бозор Собир
Бозор Собир

Дарвозаи Бухоро

Як замон шаҳри Бухоро дошт девори баланд, Гуфтӣ, устунмуҳраи пушти Бухоро буд, Балки устунмуҳраи миллат, - Сахт маҳкам, Тахтапушташ даҳ қадам паҳн. Ёздаҳ дарвоза дошт Кандакорӣ, Қуббакорӣ, Зарнигорӣ. Шоҳашонро ҳазрати Исмоили Сомонӣ мегуфтанд, Шоҳи одил буд, «Девори Бухоро» буд унвонаш, Балки ӯ девори миллат буд, Девори Хуросон буд: Бар даромадгоҳи қасраш зангу занҷири адолат буд овезон, Ҳар ки меҷунбонд занҷири адолатро, Шоҳи одил мепазируфташ ҳамон соат… Дар ҳавои барфи шабҳои зимистон Рост меистод дар майдони Регистон, То ба мардум дастрас бошад, Меҳрубон бошад ба мардум дар шаби сармо: Ғарибонро, Ятимонро, Мусофирҳои барзанро мадад созад. Баъди ин Исмоили Сомонӣ мардум То чиҳил сол Ҳар шикоятномаи худро Дар таги санги мазораш мениҳоданд В-аз ҳамон ҷо, Аз таги санги мазораш ҳар пагоҳӣ Бо ҳамон муҳру чаки ӯ низ посух мегирифтанд… Баъди ин Исмоили Сомонӣ девори Бухоро рехт, Тахтапушташ то замин хам зад, Ҳамчун тахтаи пушти ғуломон, Дар Бухоро рахнаҳо афтод, Рехтанд аз ҳар тараф чун сел Селаи қарлиқи кӯчӣ.