Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Бозор Собир
Бозор Собир

Тоҷикистон

Тоҷикистон, Тоҷикистон, Ҳар куҷое рафтам аз оғӯши ту, Доманамро ман такидам раҳ ба раҳ дар ҳар қадам, Пойи худро раҳ ба раҳ то сарҳадат Бар заминафшонда рафтам, Аз пайам то кам нагардад заррае хоки камат. Ҳар куҷое об дидам, Қатрае хӯрдам агар, Ман гирифтам қатрае дар чашм, То кунам оби туро як қатра бисёр. По ба ҳар хоке ниҳодам Дар қатори раҳгузарҳо, Гарди хокеро гирифтам дар сари мижгон Аз бароят ҳамчу савғо, То кунам хоки туро як зарра бисёр. Ҳар куҷое санг дидам, Даст бурдам бар сараш Чун бар сари фарзанди хеш, Гуфтам: ӯро аз Бадахшон кандаанд, Тифли ширхори маро аз банди пистон кандаанд… Ҳар куҷо будам мусофир, Роҳҳоро чун ғазалҳо Хат ба хат кардам ман азёд, Роҳҳоро чун ғазалҳо Беғалат кардам ман азёд, То ки рӯзи бозгаштан Беғалат оям ба сӯят. Ҳар куҷо будам, набудам, Ман ҳамон фарзанди деҳқони туям, Бо хаёли рези куҳсори ту ман ғам мехурам, Аз барои сабзаю хори ту ман ғам мехурам, Аз гулӯям нагзарад нони ту бе ғамҳои ту, Бе ғами ту ман нахурдам об аз дарёи ту. Соати танҳоӣ сӯи кӯҳсорат меравам, То сарамро бар сари санги ту монам як нафас, То шавад рӯди равонат ҳамзабонам як нафас, Гиряҳои обшоронат маро гирён кунад,