Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: танҳоӣ

Шеърҳои марбут ба теги «танҳоӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Дили шод аз дили зораш хабар не,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дили шод аз дили зораш хабар не, Саломатрӯз бемораш хабар не. Зи тақсири та ин расми қадима, Ки озод аз гирифтораш хабар не.

Азизун, аз ғаму дарди ҷудоӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Азизун, аз ғаму дарди ҷудоӣ, Ба чашмонам намонда рӯшноӣ. Гирифторам ба доми ғурбату дард, На ёру ҳамдаме, на ошное.

Ҳар ун кас, молу ҷоҳаш бештар бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ҳар ун кас, молу ҷоҳаш бештар бӣ, Дилаш аз дарди дунё рештар бӣ. Агар бар сар ниҳад чун хусравун тоҷ, Ба ширин ҷонаш охир нештар бӣ.

Ба гӯристон гузар кардам сабоҳе,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ба гӯристон гузар кардам сабоҳе, Шунидам нолаву афғону оҳе. Шунидам, каллае бо хок мегуфт, Ки ин дунё намеарзад ба коҳе.

Чи хуш бӣ, меҳрубонӣ ҳар ду сар бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Чи хуш бӣ, меҳрубонӣ ҳар ду сар бӣ, Ки як сар меҳрубонӣ дарди сар бӣ. Агар Маҷнун дили шӯридае дошт, Дили Лайлӣ аз он шӯридатар бӣ.

Маро девонаву шайдо та дирӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Маро девонаву шайдо та дирӣ, Маро саргаштаву расво та дирӣ. Намедунам, дилам дорад куҷо ҷой, Намедунам, ки дар вай ҷо та дирӣ.

Зи мушки Чин сияҳтар сунбулат бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Зи мушки Чин сияҳтар сунбулат бӣ, Ҳазорон дил ба қайди кокулат бӣ. Набошад нолаамро дар дилат роҳ, Зи хора сахттар гӯё дилат бӣ.

Дили му з-оташи ғам сӯтанӣ бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дили му з-оташи ғам сӯтанӣ бӣ, Ба ҷонам сӯзи ишқ афрӯтанӣ бӣ. Гираҳ нокарда ришта дар кафанҳо, Ба шоҳону гадоён дӯтанӣ бӣ.

Шаве н-оя, к-аз ашкам дида тар не,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Шаве н-оя, к-аз ашкам дида тар не, Рӯзе н-оя, ки хунинам ҷигар не. Шаву рӯҷам равад бо нолаву сӯз, Ту хуш хуфта зи ҳоли му-т хабар не.

Зи дил берун ба бахтам нола н-оӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Зи дил берун ба бахтам нола н-оӣ, Зи мижгуни тари му жола н-оӣ. Шаве н-оя, ки му хобат бувинам, Ба бахти му ба чашмам лола н-оӣ.

Саросар моли дунё сӯтанӣ бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Саросар моли дунё сӯтанӣ бӣ, Назар аз моли дунё дӯтанӣ бӣ. Ғаму дарде, ки дар дил дорӣ имрӯз, Барои рӯзи ҳашр андӯтанӣ бӣ.

Илоҳӣ, эй фалак, чун му забун шӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Илоҳӣ, эй фалак, чун му забун шӣ, Дилат ҳамчун дили му ғарқи хун шӣ. Агар як лаҳзаам беғам бубинӣ, Яқин дунам, к-аз ин ғам сарнигун шӣ.

Ғам андар синаи му хона дирӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ғам андар синаи му хона дирӣ, Чу вайрона, ки бум ошона дирӣ. Фалак, андар дили мискини му неҳ, Аз ин ғам ҳар чӣ дар анбона дирӣ.

Худоё, дил зи му бистон ба зорӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Худоё, дил зи му бистон ба зорӣ, Намеоя зи му бемордорӣ. Намедунам, лаби лаълат ба хунам Чаро ташна-ст бо ин обдорӣ.

Қадам доим зи бори ғусса хам бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Қадам доим зи бори ғусса хам бӣ, Чу му меҳнаткаше дар даҳр кам бӣ. Му ҳаргиз аз ғам озодӣ надидам, Дили бетолеъи му кӯҳи ғам бӣ.

Азизо, мардӣ аз номард н-оӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Азизо, мардӣ аз номард н-оӣ, Фиғону нола аз бедард н-оӣ. Ҳақиқат бишнав аз пури Фаридун, Ки шӯъла аз танӯри сард н-оӣ.

Ба ҷуз ин му надорам орзуе,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ба ҷуз ин му надорам орзуе, Ки бошад ҳамдами му лоларӯе. Агар дарди дилам вожам ба кӯҳон, Дигар дар кӯҳсорон гул нарӯӣ.

Сияҳбахтам, ки бахтам вожгун бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Сияҳбахтам, ки бахтам вожгун бӣ, Сияҳрӯзам, ки рӯзам тирагун бӣ. Худам меҳнаткаши кӯи муҳаббат, Зи дасти дил, ки ё раб, ғарқи хун бӣ!

Ба дарёи ғамат дил ғӯтавар бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ба дарёи ғамат дил ғӯтавар бӣ, Маро доғи фироқат бар ҷигар бӣ. Ба чашмам қатраҳои ашки хунин, Ту гӯӣ, лолаи боғи назар бӣ.

Заре чун му на андар бӯтае бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Заре чун му на андар бӯтае бӣ, На чун му ғам ба дил андӯтае бӣ. Ба ҷуз шамъам ба болин ҳамдаме нест, Ки ёри сӯтадил дилсӯтае бӣ.

Ҳама банди танам монанди най бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ҳама банди танам монанди най бӣ, Мудомам дарди ҳиҷронат зи пай бӣ. Маро сӯзу гудоза то қиёмат, Худо дуна, қиёмат то ба кай бӣ.

Ҷаҳони бевафо зиндони мо бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ҷаҳони бевафо зиндони мо бӣ, Хори ғам қисмати домони мо бӣ. Сабри Айюбу меҳнатҳои Яъқуб Ҳама гӯӣ насиби ҷони мо бӣ.

Ғами олам насиби ҷони мо бӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Ғами олам насиби ҷони мо бӣ, Ба дарди мо фароғат кимиё бӣ. Расад охир ба дармон дарди ҳар кас, Дили мо бӣ, ки дармонаш бало бӣ.

Нигорино, дилу ҷонам та дорӣ,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Нигорино, дилу ҷонам та дорӣ, Ҳама пайдову пинҳонам та дорӣ. Намедунам, ки ин дард аз кӣ дорам, Ҳамин дунам, ки дармонам та дорӣ.

Дилам бӣ андалеби хушнавое,

Боботоҳир Урёни Ҳамадонӣ

Дилам бӣ андалеби хушнавое, Ки менолад зи ғам ҳар субҳгоҳе. Ба шохи гул саҳар булбул ҳамегуфт, Ки: Эй гул, бевафоӣ, бевафоӣ!

Саҳифаи 1 аз 9