Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Давлатов Соҳибҷон
Давлатов Соҳибҷон

Куҷо рафтӣ

Ба ҳар ҷое сафар кардам,туро ҷӯстам,туро ҷӯстам, Ба ҳар сӯе назар кардам,туро ҷӯстам туро ҷӯстам. Бигӯ ҷоно куҷо рафтӣ?маро танҳо бигзоштӣ, Дарин олам чи сон бошам,маро бар,кӣ бигзоштӣ. Худовандо куҷо бурдӣ азизи ман,азизи ман, Биёр бори дигар бинам ҷамоли он нигори ман. Ҳаме гӯянд,ки хобастӣ ба хоби ноз-ба хоби ноз, Дилам муштоқи чашмонӣ сияҳтобат,эй Гулноз. Гуле рафтаст зи боғи ман,аё булбул-аё булбул, Чаро хомуши эй булбул намехони барои гул. Аё Соҳиб,намеёби дигар он гули гумкарда, Бирафт он гул зи боғи ту,ба боғи он халқкарда