ТАҲАММУЛ ДАР ШАҲРИ ОШИҒОН
Ман аз шаҳри ошиғи
Намедонам кай бурун шавам
Зи дасти ситамкорони шаҳр,
Чаро ин рӯзҳо маҳзунам
Мегузарад зимистонҳову қаҳратон
Гузашт пойиз охир бо дардҳову сукути ман.
Дар ин роҳ ҳамкитфе нест,
Воқеан як каси ҳамдарде нест.
Ҳамин нест магар,
ишорае аз набудани ҷои ман инҷой
Чаро имрӯз фарориям?
Чаро сукут зада қалбам?
Чаро сукуд мекунаду
надорад тоқату таҳаммул.
***
Таҳаммул
Ҳой Таҳаммул
Оҳой таҳаммул!!!
Чист маънои воҷаи ту ?!
Беҳтар аз ту воҷае нест,
Дар ин олам ,
Аз барои башар
Беҳтар аз ту ритме нест,
Мавзӯе на бартар аз ту
Дар тасаввуф ҳам оин туи
Банди аввали қавонини ишқи туи
Магар ман туро доштам,
Инсони солеҳу ошиқ будам!