БИЛОЛИ ХАЁЛПАРАСТ
Як бача номаш Билол,
Факат мекард ў хаёл.
Модараш рафта бозор,
Фармуда кори бисёр.
Билол каме кор карда,
Ба коҳхона даромад.
Алафдиҳӣ ба модговҳо,
Аз ёдаш ҳам баромад.
Нишаста пушти алаф,
Ў ғарқи як хаёле шуд.
Дар хаёлаш ин бача,
Бойи деҳаашон буд.
Дар ҷойи хонаашон,
Як қасри калон буда.
Дар назди ин кошона
Мошин аз Ҷопон буда.
У савор шуда онро,
Ба ширкат равон буда...
Дар ҳамин вақт аз бозор,
Модари Билол омад.
Писарашро наёфта,
Ба коҳхона даромад.
Бо чӣ чашме бубинад
Писараш ғарқи хаёл.
Баҳри Билолҷон ин дам
Набуд ҳоҷати савол.
Ҳама, гапро бигуфта,
Ба модари худ Билол.
Писарро карда оғӯш,
Гардида модар хушҳол.
Бигуфто ў: «Фарзандам,