Ёр меояд зи дур.
Душ меомад навид, ки ин ёр меояд зи дур,
Васл меояд ба ком, дилдор меояд зи дур.
Хор гаштам, ман аҷаб нест, ёри мо гулруй аст,
Хор манам, гул ёри ман, гулнор меояд зи дур.
Ҷонро дар ҳаҷри у бар марг биспоридаам,
Ҷон доду гуфт: «Бизӣ, ки ин ёр меояд зи дур».
Ман нагуям бо касе асрори ишқу дустӣ,
Сир дар дил дораму, асрор меояд зи дур.
Бо хаёли он ки васл омад, бидеҳ, соқӣ, қадаҳ,
Боз кун майхонаро, майхор меояд зи дур.
Форисо, чун пеши халқ айбдору ринду мастӣ,
Донад Худову туву ман, айбдор меояд зи дур.
Баъди чандин ҳиҷру ғам, васлат муборак, ошиқо!
Хуш бошу май нушу, бирақс, ки ин ёр меояд зи дур.