Шеърҳо бо теги: шодӣ
Шеърҳои марбут ба теги «шодӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ҷоно, ба ҷон расид зи ишқи ту кори мо,
Ҷоно, ба ҷон расид зи ишқи ту кори мо, Дардо, ки нестат хабар аз рӯзгори мо. Дар кори ту зи дасти замона ғамин шудам, Эй, чун замона бад, назаре кун ба кори мо.
Эй ошиқони гетӣ, ёрӣ диҳед, ёрӣ,
Эй ошиқони гетӣ, ёрӣ диҳед, ёрӣ, К-он сангдил диламро хорӣ намуд, хорӣ. Чун дӯстони якдил дар пеши ӯ ниҳодам, Бистад ба дӯстӣ дил, нанмуд дӯстдорӣ.
Пас аз куштан чу аз хоки ту руяд. Мушфикй, лола,
Фитод аз лола оташ тавбаи парҳезгоронро. Ки оташбарг шуд қавсу кузаҳ абри баҳоронро. Чи гуна чоки гул дузад сабо аз сузани сабза, Ки дар ҳар ришта беш аз сад г
Ёр меояд зи дур.
Душ меомад навид, ки ин ёр меояд зи дур, Васл меояд ба ком, дилдор меояд зи дур. Хор гаштам, ман аҷаб нест, ёри мо гулруй аст, Хор манам, гул ёри ман, гулнор ме
СОЛИ НАВ
Соли нав омад, Бо рўҳи аъло. Рақсему бозем, Ҳама бачаҳо.
Соли нави таҳсил муборак!
Эй насли хушбахти замон, Фарзандҳои меҳрубон. Бодо муборак бар шумо, Соли нави таҳсилатон!
Дили шод аз дили зораш хабар не,
Дили шод аз дили зораш хабар не, Саломатрӯз бемораш хабар не. Зи тақсири та ин расми қадима, Ки озод аз гирифтораш хабар не.
Сари роҳун нишинам, то та оӣ,
Сари роҳун нишинам, то та оӣ, Дари шодӣ ба рӯи му кушоӣ. Оя рӯзе, ба роҳи му нишинӣ, Бувинӣ, то чӣ сахта бевафоӣ.
Шави тору биёбон пурварак бӣ,
Шави тору биёбон пурварак бӣ, Ҳама саҳро пур аз хору хасак бӣ. Набошад андар ин раҳ рӯшноӣ, Хушо он кас, ки бораш камтарак бӣ.
Хушо онон, ки Аллаҳ ёрашон бӣ,
Хушо онон, ки Аллаҳ ёрашон бӣ, Ки ҳамду «Қулҳуваллаҳ» корашон бӣ. Хушо онон, ки доим дар намозанд, Биҳишти ҷовидон бозорашон бӣ.
Хушо онон, на сар доран, на сомон,
Хушо онон, на сар доран, на сомон, Нишинан, ҳар ду по печон ба домон. Шавад рӯзон, сабурӣ пеш гиран Ба ёди рӯи дилдорон мудомон.
Зи дасти чархдорун дод дирам,
Зи дасти чархдорун дод дирам, Ҳазорон нолаву фарёд дирам. Нишаста дилситонам бо хасу хор, Чӣ гуна хотири худ шод дирам?
Худоё, дод аз ин дил, дод аз ин дил,
Худоё, дод аз ин дил, дод аз ин дил, Ки як дам му нагаштам шод аз ин дил. Чу фардо додхоҳун дод хоҳанд, Бигӯям сад ҳазорун дод аз ин дил.
Хушо онун, ки во та ҳамнишинанд,
Хушо онун, ки во та ҳамнишинанд, Ҳамеша бо дили хуррам нишинанд. Бувад ин расми ишқу ишқбозӣ, Ки густохона оянду та винанд.
Хушо онун, ки савдои ту диранд,
Хушо онун, ки савдои ту диранд, Ки сар пайваста дар пои ту диранд. Ба дил дирам таманнои касоне, Ки андар дил таманнои ту диранд.
Дилам бе васли та шодӣ мебинад,
Дилам бе васли та шодӣ мебинад, Ба ғайр аз меҳнат озодӣ мабинад. Харобободи дил бе мақдами та, Илоҳӣ, ҳаргиз ободӣ мабинад.
Хушо онун, ки ҳир аз бир надунанд,
Хушо онун, ки ҳир аз бир надунанд, На ҳарфе вонависан, на бихунанд. Чу Маҷнун рӯ ниҳанд андар биёбун, Дар ин кӯҳо раванд, оҳу чарунанд.
Хушо онун, ки аз по сар надунанд,
Хушо онун, ки аз по сар надунанд, Миёни шӯъла хушку тар надунанд. Куништу Каъбаву бутхонаву дайр- Сарое холӣ аз дилбар надунанд.
Хоҳӣ чу Халил Каъба бунёд кунӣ,
Хоҳӣ чу Халил Каъба бунёд кунӣ, В-онро ба намозу тоат обод кунӣ, Рӯзе ду ҳазор банда обод кунӣ, Беҳ з-он набувад, ки хотире шод кунӣ.
То чанд сухан тарошию ранда занӣ,
То чанд сухан тарошию ранда занӣ, То кай ба ҳадаф тири пароканда занӣ? Гар як варақ аз илми хамӯшӣ хонӣ, Бисёр бад-ин гуфтушунав ханда занӣ.
Дар кӯи худам маскану маъво додӣ,
Дар кӯи худам маскану маъво додӣ, Дар базми висоли худ маро ҷо додӣ. Алқисса, ба сад карашмаву ноз маро Ошиқ кардию сар ба саҳро додӣ.
Дунё насазад аз ӯ мушавваш будан,
Дунё насазад аз ӯ мушавваш будан, Аз сӯзи ғамаш даме дар оташ будан. Мо ҳечу ҷаҳон ҳечу ғаму шодӣ ҳеч, Хуш нест барои ҳеч нох(в)аш будан.
Бо гулрухи хеш гуфтам: Эй ғунчадаҳон,
Бо гулрухи хеш гуфтам: Эй ғунчадаҳон, Ҳар лаҳза мапӯш чеҳра чун ишвадиҳон. Зад ханда, ки: Ман ба акси хубони ҷаҳон Дар парда аён бошаму бе парда ниҳон.
Гар пора кунӣ маро зи сар то ба қадам,
Гар пора кунӣ маро зи сар то ба қадам, Мавҷуд шавам зи ишқи ту ман зи адам. Ҷоне дорам, зи ишқи ту карда рақам, Хоҳиш ба шодӣ кушу хоҳиш ба ғам.
Чашме ба саҳоб ҳамнишин мебояд,
Чашме ба саҳоб ҳамнишин мебояд, Хотир ба нишот хашмгин мебояд. Сар бар сари дору сина бар синаи теғ, Осоиши ошиқон чунин мебояд.
