Шеърҳо бо теги: шодӣ
Шеърҳои марбут ба теги «шодӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Ишқам, ки ба ҳар рагам ғаме пайванд аст,
Ишқам, ки ба ҳар рагам ғаме пайванд аст, Дардам, ки дилам ба дард ҳоҷатманд аст. Сабрам, ки ба ком панҷаи шерам ҳаст, Шукрам, ки мудом хоҳишам хурсанд аст.
Наврӯзи давраи бачагӣ
Дар давраи бачагӣ, Идона ба мо буд қанд. Дар ҳар иди Наврӯзӣ, Аз қанд мешудем хурсанд.
Ман ба хун ғарқаву лаби лаъли ту дар ханда ҳанӯз
Ман ба хун ғарқаву лаби лаъли ту дар ханда ҳанӯз, Захмкориву ман аз теғи ту шарманда ҳанӯз. Чӣ аҷаб, гар бигузорам ҳама шаб бе ту чу шамъ Аҷаб ин аст, ки рӯз оя
Биё, ки қосиди фархундапой зи роҳ расид
Биё, ки қосиди фархундапой зи роҳ расид, Расонд мужда,ки шоҳи ҷаҳонпаноҳ расид. Фурӯғи нури ҷамолаш ба чашми меҳр афтод, Садои кӯси ҷалолаш ба гӯи моҳ расид.
Дар лабханди ӯ
Дидаму меомад аз муқобили ман дӯш, Хандаи талхе ниҳода бар лаби пурнӯш. Ғамзада чун моҳтоби охири пойиз, Дӯхта бар рӯи ман нигоҳи ғамангез.
Шодӣ маталаб, ки ҳосили умр дамест
Шодӣ маталаб, ки ҳосили умр дамест, Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву ҷамест. Аҳволи чаҳону мулки гетӣ яксар, Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.
Писарам
Писари кӯчаки хушрӯяки ман, Шуху чанҷоливу дилҷӯяки ман, Аввалин бор ҳамемонад по Рӯи тайёра дар оғӯши фазо.
Ханда бар лаб мезанам
Ханда бар лаб мезанам то кас нафаҳмад рози ман, В-арна ин дунё, ки мо дидем, хандидан надошт.
Ин дили шоди маро ношод кардӣ, шод бош
Ин дили шоди маро ношод кардӣ, шод бош, Орзуҳои маро барбод кардӣ, шод бош. Аз туву аз ишқу аз меҳру сафову мардумӣ Ҳар чӣ ҷамъ оварда будам, бод кардӣ, шод
Моем ниҳуфта гиря дар ханда чу гул
Моем ниҳуфта гиря дар ханда чу гул, Мурда ба дамею аз даме зинда чу гул. Худро ба ҳама миён дарафканда чу гул, В-андар ҳама маҷмаъе пароканда чу гул.
Шодӣ биталаб, ки ҳосили умр ғамест
Шодӣ биталаб, ки ҳосили умр ғамест, Ҳар зарра зи хоки Кайқубодеву Ҷамест. Аҳволи ҷаҳону мулки гетӣ яксар. Хобеву хаёлеву фиребеву дамест.
Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт
Боз як рӯзи ғаму шодӣ гузашт Дар талоши қисмату номусу ном. Боз як хуршед моро тарк гуфт, Моҳи нав пайдо шуд андар бурҷи шом.
Хуш бош!
Хайём, агар зи бода мастӣ, хуш бош! Гар бо санаме даме нишастӣ, хуш бош! Поёни ҳама кори ҷаҳон нестӣ аст, Пиндор, ки нестӣ, чу ҳастӣ, хуш бош!

