Писарам
Писари кӯчаки хушрӯяки ман,
Шуху чанҷоливу дилҷӯяки ман,
Аввалин бор ҳамемонад по
Рӯи тайёра дар оғӯши фазо.
Писарам пой ниҳод, менигарам —
Ҳама хурсанд чунон дар назарам:
Шодӣ мекард табиат, олам,
Болад аз шавқ хавопаймо ҳам.
Писарам рост намуд қомати худ,
Дилам аз шавқ талотум бинамуд.
Дар руҳи ҳамсафаронам бидамид,
Шодии пурфараху пуруммед.
Офтоб бар сараки бачаякам,
Нур меборид олам-олам,
Абр густурда таги пояки ӯ,
Пояндози бо ранги пари қу.
Писарам пой ниҳод, пой ниҳод,
Ана, дар авҷи фазоҳои кушод!
Шояд ин пой бимонад зи пагоҳ
Писари ман ба дари Зуҳраву Moҳ!