Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Гулчеҳра Сулаймонӣ
Гулчеҳра Сулаймонӣ

Бодбарак

Бодбарак мепарад, Ҳуши маро мебарад, Ҳуши маро мебарад, Бодбарак мепарад... Боз ба роҳи шамол Бачаи рангинхаёл Киштии худ сар диҳад, Боли кабутар дихад, Боми баланду фазо — Бачаи ҳамсояро Саргаҳи сад орзу, Марҳилаи ҷустуҷӯ. Пайкари ӯ тарки нур, Менигарад дур-дур То ба дили осмон, То ба раҳи Каҳкашон. Бодбарак мепарад, Хуши маро мебарад... Риштаи дуру дароз Мебарадам боз-боз Сар-сари деворҳо, Растаю бозорҳо Лабғлаби боми қатор, Аз сари току манор, То асари кӯдакӣ, Бому дари кӯдакӣ... Рӯи ҳамин бому дар Рост будӣ як писар Ғарқаи нуру шарар Дӯхта чашми ҳавас Сӯи фазо ҳар нафас. Бодбарак дода сар Сӯи ҳаво ҳар сафар Худ бикушодӣ магар Ҳармаҳи он болу пар... Бодбарак дар куҷост, Он писарак дар куҷост!