Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Нуқта ба нуқта
Аз паи даводави, гардиши фатҳи маром Нуқта ба нуқта, му ба му, қатра ба қатра гом ба гом
Моро зи ғами ёр олами ғам бар душ аст
Моро зи фироқи ёр, олами ғам бар душ аст Дарди сари мо зи дарди оламгири туст! Ҳар кас соате бо мо ҳамдарди кунад Канад бечора зи худ ҷумла мӯю сару пуст
Мо аз он сӯхтагонем, ки зи кас кина надорем
Мо аз он сӯхтагонем, ки зи кас кина надорем, Як шаҳр пур аз душман, лек як дӯст надорем. Шароби талх наменӯшем, вале мастона мегардем, Либоси кӯҳна мепӯшем, вал
Гаҳе девонаву мастам
Гаҳе девонаву мастам, Гаҳе дар ҳолати пастам, Гаҳе бо ғусса пайвастам, Худовандо, бигир дастам.
Қасида дар шикоят
Дар ин ҷаҳони кудуратнишони афсунгар, Дар ин замони нуҳусатъаёни дунпарвар Чӣ ҷаврҳо ки накардаст бо ман ин гардун, Чӣ зулмҳо ки накардаст бо ман ин ахтар.
Шаб, ки тӯфонҷӯшии чашми тарам омад ба ёд,
Шаб, ки тӯфонҷӯшии чашми тарам омад ба ёд, Фикри дил кардам, балои дигарам омад ба ёд. Бо кадомин обрӯ хоки дараш хоҳӣ шудан? Доғ шав, эй ҷабҳа, домони тарам ом
Шеърҳои Ҷавобияи ман
Абубакро, ҳарфи ту оинаи айём буд, Дар миёни аҳли олам нолаи ноком буд. То муҳаббат зинда бошад, зинда бошад одамӣ, Бе вафову меҳрубонӣ, зиндагонӣ ноком буд.
Эй кош, нигоҳ бошаду гуфтор набошад
Эй кош, нигоҳ бошаду гуфтор набошад, То захми забон бар ҷумла ҷаҳон ёр набошад. Эй кош, ки дар сина фақат ишқ биҷӯшад, Дар дидаи мо сурати ағёр набошад.
Эй Убайд, ин гули садбарг бар атрофи чаман,
Эй Убайд, ин гули садбарг бар атрофи чаман, Ҳеҷ донӣ, ки саҳаргаҳ чаро механдад? Бо вуҷуди гиреҳи ғунчаву тангдили ӯ, Ҳикмате ҳаст, на аз боду ҳаво механдад.
Дунё на мақоми мост, на ҷои нишаст
Дунё на мақоми мост, на ҷои нишаст, Фарзона дар ӯ хароб авлотару маст. Бар оташи ғам зи бода обе мезан, З-он пеш, ки дар хок равӣ бод ба даст.
Ҷавоб ба Саъдиву Лоиқ
Саъди Шерозӣ Бани одам аъзои якдигаранд, Ки дар офариниш зи як гавҳаранд. Чу узве ба дард оварад рӯзгор,
Дополняющие крайности (Инь и Янь)
В мире, где есть те, которые не чают души в любви, Будут существовать и серебристые эгоисты. Первым ничто не страшно, и в огонь и в воду Да хоть на край или в
Дили нозук мисоли шишаам бӣ,
Дили нозук мисоли шишаам бӣ, Агар оҳе кашам, андешаам бӣ. Сиришкам гар бувад хунин, аҷаб не, Му он дорам, ки дар хун решаам бӣ.
Чи хуш бе васлат оҳанги малак бӣ,
Чи хуш бе васлат оҳанги малак бӣ, Маро васли ту ороми дилак бӣ. Зи ҳаҷрат, эй бути ширину чолок, Дамодам дасти ҳайрат бар сарак бӣ.
Муро на фикри савдое, на суде,
Муро на фикри савдое, на суде, На дар дил фикри беҳбуде, на буде. Нахоҳам ҷӯканору чашмасорун, Ки ҳар чашмам ҳазорун Зиндарӯде.
Ду чашмунат пиёлай пур зи май бӣ,
Ду чашмунат пиёлай пур зи май бӣ, Ду зулфонат хироҷи мулки Рай бӣ. Ҳаме ваъда карӣ имрӯзу фардо, Надонам му, ки фардои ту кай бӣ.
Дилам тангу надонам сабр кардан,
Дилам тангу надонам сабр кардан, Зи дилтангӣ бувам розӣ ба мурдан. Зи шарми рӯи та му дар ҳиҷобам, Надонам арзи ҳолам во та кардан.
Ба умри хештан то ёд дирам,
Ба умри хештан то ёд дирам, Зи ҳаҷрат нолаву фарёд дирам. Надорам хотири шоде ба хотир, Ҳамеша хотири ношод дирам.
Зи бахти бад ҳазор андеша дирам,
Зи бахти бад ҳазор андеша дирам, Ҳамеша заҳри ғам дар шиша дирам. Зи носозии бахту гардиши чарх Фиғону оҳу зорӣ пеша дирам.
Намедонам, ки розам во кӣ вожам,
Намедонам, ки розам во кӣ вожам, Ғами сӯзу гудозам во кӣ вожам. Чӣ вожам, ҳар кӣ зуна, бингара фош, Дигар розу ниёзам во кӣ вожам?
Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе,
Дунё роҳе, биҳишт манзилгоҳе, Ин ҳар ду ба назди аҳли маънӣ коҳе. Гар ошиқи содиқӣ, зи ҳар ду бигузар, То дӯст туро ба худ намояд роҳе.
Дар мадраса гарчи донишандӯз шавӣ,
Дар мадраса гарчи донишандӯз шавӣ, В-аз гармии баҳс маҷлисафрӯз шавӣ. Дар мактаби ишқ бо ҳама доноӣ Саргашта чу тифлони навомӯз шавӣ.
Дар зулмати ҳайрат ар гирифтор шавӣ,
Дар зулмати ҳайрат ар гирифтор шавӣ, Хоҳӣ, ки зи хоби ҷаҳл бедор шавӣ, Дар сидқ талаб наҷот, зеро ки ба сидқ Шоистаи файзи нури анвор шавӣ.
Ман кистам? Оташбадилафрӯхтае,
Ман кистам? Оташбадилафрӯхтае, Девонаи бо хирад баҷангомадае. Дӯшина ба кӯи дӯст аз рашкам сӯхт Нолидани поидилбасангомадае.
То кай зи ҷаҳони пургазанд андеша,
То кай зи ҷаҳони пургазанд андеша, То чанд зи ҷони мустаманд андеша? Он, к-аз ту тавон ситад, ҳамин колбад аст, Як мазбала гӯ мабош, чанд андеша.
