Шеърҳо бо теги: андешавӣ
Шеърҳои марбут ба теги «андешавӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Аз куфру ислом бурун саҳроест
Аз куфру ислом бурун саҳроест, Моро ба миёни он фазо савдоест. Ориф чу бадон расид, сар барбинеҳад, На куфру на ислому на он ҷо ҷоест.
Ин куҷову он куҷо
Донаи фил-фил сиёҳу холи маҳбубон сиёҳ, Ҳарду , ҷонсӯзанду, аммо ин куҷову он куҷо. Домани духти ҷавону чеҳраи мардони пир, Ҳарду чиндоранду, аммо ин куҷову он
Ҳушёр бош
Як ваҷаб роҳ аст, Бедил, аз ту то домони хок, Дар сари миҷгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош.
Люди живут
Как ни странно, но разбитые все еще ходят по земле Как ни странно, улыбаются, готовятся к весне Смотрят смело вперед, любят, обнимают Когда у самих так горько к
Я напишу
Я напишу Я напишу о том, как сладок утренний момент После убийственно неповторимого заката дня, Как укрепляет он надежды той пигмент,
Модарҷон
Чӣ созам модаро! Ҳоло, ки дар бозори шаҳри мо Китоби шеъри шоирро агар гиранд, баҳри пистапечонист...
Ҳаргиз рӯзе ба банда парво-т набуд
Ҳаргиз рӯзе ба банда парво-т набуд, В-андешаи ин бедили шайдо-т набуд. Хурдем зи ту хуну нахӯрдӣ ғами мо, Дар пои ту мурдему сари мо-т набуд.
Гӯйед ба наврӯз, ки имсол наёяд
Гӯйед ба наврӯз, ки имсол наёяд, Дар кишвари хунинкафанон раҳ нагушояд. Булбул ба чаман нағмаи шодӣ насарояд, Мотамзадагонро лаби пурханда нашояд.
Ин кинаварон боз бо найранги дигар
Ин кинаварон боз бо найранги дигар, Доранд фари фитна бо оҳанги дигар. Фарёд, ки ин шуъбадабозон ҳар рӯз, Хоҳанд ба номи оштӣ ҷанги дигар.
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост?
Нола ба дил шуд гиреҳ, роҳи найистон куҷост? Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбон куҷост? Ашк ба хунам кашид, оҳ ба бодам супурд, Ақл ба бандам фиканд, рахнаи зи
Тамаддун ҳамин чанд девор нест
Тамаддун ҳамин чанд девор нест, Ва ё лӯлаи нафту анбор нест. Тамаддун фақат ҳайкали санг нест, Ҳисобаш ба миқдору фарсанг нест.
Кош то дил мегирифту мешикаст
Кош то дил мегирифту мешикаст, Дӯст меомад, канораш менишаст! Кош мешуд рӯи ҳар рангинкамон Менавиштам, Меҳрубон бо ман бимон!
Ошиқ шудаам бар ту тадбир чӣ фармоӣ?
Ошиқ шудаам бар ту тадбир чӣ фармоӣ? Аз роҳи салоҳ оям, ё аз раҳи расвоӣ? То ҷону дилам бошад, чун ҷону дилат ҷӯям, Ё ман ба канор афтам ё ту ба миён оӣ?
Девони санг
Сарводаҳои хондаам аз дафтару девони санг, Бас нолаҳо бишнидаам аз синаи нолони санг. Ман модару ғамҳошро чун бо фиғон додам ба хок, Дар лаҳзаҳои бемодари сар м
Илҳоми гумгашта
Аё илҳоми ман, рафтӣ куҷое, Кунун мондам дар ин меҳнатсарое. Саросар аз фироқат гашта маҳзун, Зи осмон барф борад, аз дилам хун.
Гуфтам, ки дигар бар касе эрод нагирам
Гуфтам, ки дигар бар касе эрод нагирам, Беҳуда чу корест, раҳи бод нагирам. Чун бод давон бигзарам аз бодияи умр, Чизе зи ҷаҳон дар дилу дар ёд нагирам.
Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд,
Зи дасти дидаву дил ҳар ду фарёд, Ҳар он чи дида бинад, дил кунад ёд. Бисозам ханҷаре, нешаш зи фӯлод, Занам бар дида, то дил гардад озод.
Қавлу ғазале, ки дил рабояд ҳамаро
Қавлу ғазале, ки дил рабояд ҳамаро, Чангат ба усули чап сарояд ҳамаро. Чанги ту ба чанги зулфи хубон монад, З-он рӯй шикастанаш хуш ояд ҳамаро.
Дӣ ҷилвагарӣ бин, ки орост маро
Дӣ ҷилвагарӣ бин, ки орост маро, Хони карами Худо муҳайёст маро. Ҳалво чу зағора буд дар суфраи мо, Имрӯз ҳамон зағора ҳалвост маро.
Чим-оқо гуфт аз барои қабри Мир
Чим-оқо гуфт аз барои қабри Мир Ҳофизе бояд, ки мо сурночием. Чун Ҳамиди гурба ин маънӣ шунид, Аз миён барҷасту гуфто мо чием?
Ҷавоне гуфт бо маҳбуби хушгӯй
Ҷавоне гуфт бо маҳбуби хушгӯй, Ки чун бинӣ ҳавохоҳӣ ту ёрам. Чаро коғаз начаспонӣ ба бинӣ, Сиреш ар нест бо коғаз, ман орам?
Ҷавоби гуфтаҳои мо ба Табрез
Ҷавоби гуфтаҳои мо ба Табрез, Ки мегӯянд ёрон гоҳу бегоҳ. Ба пастиву баландӣ менамояд Ба пеши байти Каъба байти ҷуллоҳ.
Ҷустам аз ёре нишони он писар
Ҷустам аз ёре нишони он писар, К-оби ҳайвон аст ҷӯёи лабаш. Гуфт: Бегоҳон ба Ҷайҳунаш талаб, К-он замон бошад халос аз мактабаш.
Ҷуз оҳу нола надорам ба ошиқӣ ҳунаре
Ҷуз оҳу нола надорам ба ошиқӣ ҳунаре, Маро зи дасти ҳунарҳои хештан фарёд. Зи ашки сурху рухи зард чун зиям бе ғам, Ки ҳар яке ба дигаргуна дорадам ношод?
Тарки дунёи дун бигир, Камол
Тарки дунёи дун бигир, Камол, То ҷаҳонет марди дин хонанд. Ҳар ки дар банди ришу дастор аст, Хосу омаш ба ҳеч настонанд.
