Девони санг
Сарводаҳои хондаам аз дафтару девони санг,
Бас нолаҳо бишнидаам аз синаи нолони санг.
Ман модару ғамҳошро чун бо фиғон додам ба хок,
Дар лаҳзаҳои бемодари сар монда дар домони санг.
Дасти навозишгар набуд, боди сабоям сила кард,
Нони ятими хӯрдаам дар рӯи дастурхони санг.
Дар сӯгвориҳо маро абри баҳорон буд шарик,
Пур буд зи оби дидаи мо косаи чашмони санг.
Ман ҳамроҳи абри само бисёрҳо бигристаам,
То ки нахушкад навгули рӯида дар гулдони санг.
Пирони хамгардидаро дидам, ки дар ҳар марзи деҳ,
Ёди ҷавони кардаву ёзида андар ёни санг.
Ҳар санги кӯҳистон маро аз кӯдаки бошад азиз,
Дар шаҳри пурғавғо чунон гардидаам пазмони санг.