Сарам аз тан равад аммо сухан мардона мехоҳам!
Дили фарзонаро дар олами тифлона мехоҳам,
Замони кӯдакию модару афсона мехоҳам.
Маро модар дар ин дунё барои сарбаландӣ зод,
Сарам аз тан равад , аммо сухан мардона мехоҳам.
Дили бесӯзу сокитро намехоҳам, намехоҳам ,
Агар як рӯз бошам ҳам, дили девона мехоҳам.
Бигуфто соқии базми тараб, Сармад чӣ мехоҳӣ?
Ба лаб шеъри тари Ҳофиз, ба каф паймона мехоҳам.