Деҳи Ғазза
Биояд нуқраоб аз чашми куҳи Обшоронаш,
Дарахти меҳр мерӯяд зи дасти боғкоронаш.
Гиëҳи мурдаро сарсабзиҳои ҷовидон бахшад,
Дами Исо магар дорад кишоварзи баҳоронаш.
Сухан оҷиз бувад дар васфи ҳусни манзари Зӯрмич,
Тамошо мекунад гардун биҳишти сабзазоронаш.
Садафсанги варо бинӣ,бигардад дидаҳо равшан
Наëбӣ гавҳари зеботаре аз дурри боронаш.
Битобад осмон дар синаи оинаи обаш,
Чу Ҷоми Ҷам дурахшад чашмаҳо дар кӯҳсоронаш.
Ба гоҳи ҷашни Наврӯзӣ бигӯ боди саборо боз,
Паëми САРМАДИ ошиқ барад бар базми ëронаш.