Шеърҳо бо теги: ватан
Шеърҳои марбут ба теги «ватан» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Тоҷикем мо
Рӯдакиро кӯр кардан, бас набуд, Бӯ Алиро пӯст кардан, бас набуд. Пушти Айнӣ гашта чун мори сиёҳ, Навбатӣ мо мерасад? Эй рӯсиёҳ!
Агар он Турки Шерозӣ
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро, Дилам бошад,азони ӯ диҳад бар мо Бухороро. Аё Ҳофиз,чаро додӣ?Самарқанду Бухороро, Ки он туркони Шерозӣ ба яғмо бур
Ҳушёр шав
Фарзанди пуршаъни Ватан. Боши дилу ҷони Ватан, Ҳастӣ нигаҳбони Ватан! Ҳушёр шав, ҳушёр шав!
ҲАДАФИ УМР
Ҷони мардони шарафманди Ватан рӯи каф аст, Дар раҳи нанги Ватан мурдани мардон шараф аст. Ватани ман ватани шеъру суруди азалист, Ватани ман ватани ишқу диёри ш
ҲУҶҶАТИ БУНЁДИ МО
Миллати тоҷикро аслан забонаш зинда дошт, Чунки ӯ ҳам ин забонро ҳамчу ҷонаш зинда дошт. Ҷавшанаш буд ин забону Меҳанаш буд ин забон, Ин забонро чун тавоне дар
ТОҶИКИСТОНРО МАКУН ҚИСМАТ
(Хитоб ба маҳалгароён) Тоҷикистонро дигар қисмат макун, Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон, Модареро чун тавон қисмат намуд,
Сухан аз истиқлол
Сухан аз истиқлол сухан аз бедорист, Қад ба қад бо шарафу нанги Ватан хестан аст, Ҳамчу абре ба сари хушкии он рехтан аст, Сухан аз истиқлол сухан аз озодист.
Суруди ватан
Гуфтам: “Ватан”, чаман-чаман ин анҷуман шукуфт, Гуфтам: “Ватан”, чу гул ба лабонам сухан шукуфт. Гуфтам: “Ватан, Ватан”, ҳама дашту даман шукуфт, Уммеди ман,
Сулҳ
Хонаи умеди дунё кишварам, Кишвари паҳновару бахтоварам, З-ин саодат сар ба гардунҳо барам, Ҳофизи озодии баҳру барам.
Сулҳ
Сулҳ баҳорест, баҳор оварад, Равнақу шодию барор оварад. Сулҳ бувад шаршараи ҷӯйи об, Сулҳ диҳад ҳусни пур аз обутоб.
Шаҳри азизам
Шаҳри ман, кишвари ман, дилбари ман, Наравад ишқи ту дур аз сари ман. Ман зи айёми ҷавонӣ ба барат Ёфтам нашъунамо чун писарат.
Мо толиби сулҳем
Мо мардуми ин кишвари дар авҷу барорем, Як зарра ҳам аз душмани худ тарс надорем, Лекин ҳама чун як дилу ҷон сулҳшиорем, Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем.
САҲАРГОҲОН
Бишнав овози маро, мурғи саҳар, То ки аз рози дилам ёбӣ хабар, То ки ҳамовоз гардӣ субҳдам Бо суруди мардуми соҳибқалам.
БА ПОСБОНИ ГАНҶИНАҲО
Солҳо хобидаӣ, эй кӯҳсори тоҷикон, Бар дари ганҷинаҳо чун посбони безабон. Бар сарат ногоҳ пар мезад агар паррандае, Аз дамат месӯхтӣ болу параш дар осмон.
Тоҷикистон
Аз дарахти баданам, оҳ, сад афсӯс, афсӯс, Тирамаҳ омадаву барги хазон мерезад. Тарсам аз он ки дар ин боғ чу аз боди хазон Баргу борам ҳама аз оҳи вазон мере
Панҷшер
Ҳар сари сангаш бувад як минбари тоҷик, Дараи тангаш бувад бому дари тоҷик. Пахтасангаш рахти хобу пахтаи гӯраш, Тахтасангаш тахтаи гӯраш.
Ватанам
Зебо Ватанам, ҷаннати дунё Ватанам! Ай ғарқаи хуну ашк, танҳо Ватанам! Ман ҷуз ту дигар ном наёрам бар лаб, Ай во Ватанам, во Ватанам, во Ватанам.
Ба мастӣ
Дар рӯзи навбаҳорон гуфтам сухан ба мастӣ, Ҳушёри номвар шуд дар анҷуман ба мастӣ. Сархуш намешавам ман аз шишаҳои бода, Дар ду ҷаҳон кашидам ишқи ватан ба маст
Деҳи Ғазза
Биояд нуқраоб аз чашми куҳи Обшоронаш, Дарахти меҳр мерӯяд зи дасти боғкоронаш. Гиëҳи мурдаро сарсабзиҳои ҷовидон бахшад, Дами Исо магар дорад кишоварзи баҳо
Ҷавониро фидо кардам
Ҷавониро фидо кардам, диёрам то ҷавон бошад, Гузаштам борҳо аз ҷон, ки ҷонаш дар амон бошад. Чу аз ҳар ҷонибе сӯйи Ватан боди хазон омад, Баҳорамро сипар кардам
Кафили барқамон гар нохалаф буд
Кафили барқамон гар нохалаф буд, Сазовору вафодори салаф буд; Насиби ҷайби ӯ симу зари барқ, Насиби барқи мо умре талаф буд!
Тоҷикистон тӯй дорад, дӯстонро интизор
Тоҷикистон тӯй дорад, дӯстонро интизор, Бӯстон себаргаву оби равонро интизор! Кӯҳҳо дар посгоҳи эҳтиром истодаанд, Сафкашида мизбонон меҳмонро интизор!
Ватан
Баҳр рӯзону шабон ҳеч нагирад ором, Магар аз неку бади даҳр сухан мегӯяд?! Дили ман болзанон дар лаби дарёи дамон Гашта баргашта ба такрор Ватан мегӯяд.
Биё эй дил, даме ёди ватан кун
Биё эй дил, даме ёди ватан кун, Чу қумрӣ нола бар сарви чаман кун. Худоро парда аз рухсор бардор, Зи шамъи ҳусн равшан анҷуман кун.
Ба сина оташи шавқи ту то ватан дорад
Ба сина оташи шавқи ту то ватан дорад, Дилам зи доғи муҳаббат чаман-чаман дорад. Зи теғи ғамзаи ҷонон даруни сина ниҳон, Чӣ захмҳо, ки дили нотавони ман дорад.