ҲУҶҶАТИ БУНЁДИ МО
Миллати тоҷикро аслан забонаш зинда дошт,
Чунки ӯ ҳам ин забонро ҳамчу ҷонаш зинда дошт.
Ҷавшанаш буд ин забону Меҳанаш буд ин забон,
Ин забонро чун тавоне дар равонаш зинда дошт.
Ин забоне, ки чу шири модарон покиза аст,
Покрӯву покҷисму покҷонаш зинда дошт.
То забони мардуми аҳли биҳишташ хондаанд,
Халқ онро чун каломи ҳақ ба ҷонаш зинда дошт.
Ҳамчунон дар ҳолаи оинаву оини нек,
Пок ҳамчун чашмаи оби равонаш зинда дошт.
Ҳарчи ӯ аз даст доду ҳар чӣ бирбуданд аз ӯ,
Дар забонаш, дар забонаш, дар забонаш зинда дошт.
Рӯдакӣ бар ӯ шукӯҳи безаволӣ додааст,
Бӯалӣ чун офтоби осмонаш зинда дошт.
Хоҷа Ҳофиз ин забонро худ забони ишқ кард,
Ин забонро гармии ишқи ниҳонаш зинда дошт.
Ӯ раҳи иқболи моро дар шаби таърихи тор,
Бо дурахши озарахши вожагонаш зинда дошт.
Кохи шаъну эътибори миллати фархундаро,
Устувони ин забон чун устухонаш зинда дошт.
Ҳуҷҷати пирӯзии мо, ҳуҷҷати бунёди мост,
Ин забоне, ки ҷаҳонро дар ҷаҳонаш зинда дошт.