Шеърҳо бо теги: ахлоқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ахлоқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Дило шарманда аз ҳоли табоҳам
Дило шарманда аз ҳоли табоҳам, Ки гоҳ барда ва ё ин ки ғуломам. На бишнидам, на дидам ман ҳақиқат, Аз ин рӯ дар фалак ман бесароям.
Бизан ханҷар, ки дар дил ғусса дорам
Бизан ханҷар, ки дар дил ғусса дорам, Дар ин афлоки дунё бадтабоҳам. Бикуш бо теғ, ин симин баданро, Ки дар даврони фонӣ бемазорам.
Зиндагӣ
Зиндагӣ, ин нури шамъ дар қандили афсона аст, Қандили афсона бошад, зиндагӣ дар лона аст. Гар ба бурҷи қандилӣ гармои сахт тобад зи шамъ, Шишаи бишкаста резад,
Бас Фироқи хонаи ин даҳрро фарёд кард
Бас, Фироқӣ хонаи ин даҳрро фарёд кард, Нохалафон баста зуннори карам, фарёд кард. Қалби кӯр ҳеҷ гаҳ набинад аҳволи хеш, Дар бикӯфту дарбони ин дар фарёд кард.
Бар дари ноҳақ мазан, ноҳақ гадоят мекунад
Бар дари ноҳақ мазан, ноҳақ гадоят мекунад, З-он ки бар май бода ҷустан, бас ҳаромат мекунад. Дар дили ҳар нохалаф ишқи Худоро ту маҷӯй, З-он ки аз фаҳмиш туро,
Одамият
Бигӯ ту салом ҳар дам ба камоли одамият, Ки ту кай хабар дорӣ, зи видои одамият? Зи камини ақл гӯям, аҷаб ай замонае шуд, Мисал аз замонаи пул, ба замони одамия
Оташ гирён дорам дар бағал
Оташ гирён дорам дар бағал, Мекунад сӯзиш маро дар умқи сар. Бор Яздонам туро мекобаму, Бо ду чашми кӯри худ кобам назар.
Дӯст агар ғамхор бошад
Дӯст агар ғамхор бошад, мисли у ғамхор бош. Дӯст агар бемор бошад, дӯсти дилбардор бош. Дӯст агар ғамгин бигардад аз талоши зиндагӣ То тавони дасти ӯро гир, бар
Кур агар бино шавад, аввал асоро бишканад
Лутфи беҳад арзиши меҳру вафоро бишканад, Ҳар матое аз фаровони баҳоро бишканад. Дастирӣ гар кунӣ аз ҳар касе, ҳушёр бош, Кур агар бино шавад, аввал асоро бишка
Агар он Турки Шерозӣ
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро, Дилам бошад,азони ӯ диҳад бар мо Бухороро. Аё Ҳофиз,чаро додӣ?Самарқанду Бухороро, Ки он туркони Шерозӣ ба яғмо бур
Дунёи фонӣ
Бигзарам гар аз ҷаҳон, ёдам кунед, Бо дуои хайр ҳам шодам кунед. З-он ки ман ҳам муддате будам канор, Ҳар гаҳе ёд ореду дуоям кунед.
Ба ҳар маҳзаб, ки бошӣ, бош некӯкору бахшанда
Ба ҳар маҳзаб, ки бошӣ, бош некӯкору бахшанда, Ки куфру некхӯӣ беҳ зи ислому бадахлоқӣ.
Дунё на мақоми мост, на ҷои нишаст
Дунё на мақоми мост, на ҷои нишаст, Фарзона дар ӯ хароб авлотару маст. Бар оташи ғам зи бода обе мезан, З-он пеш, ки дар хок равӣ бод ба даст.
Надонистам қадри умр
Надонистам қадри умр Шудам Маҷнун ба саҳроҳо, Надонистам қадри умр, Задам сад гом дар дунё,
Даргоҳи раҳмат
Даргоҳи раҳмат Бингар, одам чу лағжид Аз тариқи росткор, Монд ҳайрон, ашкрезон,
Панди Умр
Панди умр Ба худ гуфтам: тамом шуд навҷавонӣ, Бикун тавба, вақт аст то тавонӣ. Гузар кун кунҷи қабристон, даме бин,
Аз Худованди валиюттавфиқ дархостани тавфиқи риояти адаб дар ҳамаи ҳолҳо ва баён кардани вахомати зарарҳои беадабӣ
Аз Худо ҷӯем тавфиқи адаб, Беадаб маҳрум гашт аз лутфи раб. Беадаб танҳо на худро дошт бад, Балки оташ дар ҳама офоқ зад.
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
ҲАДАФИ УМР
Ҷони мардони шарафманди Ватан рӯи каф аст, Дар раҳи нанги Ватан мурдани мардон шараф аст. Ватани ман ватани шеъру суруди азалист, Ватани ман ватани ишқу диёри ш
ҲУҶҶАТИ БУНЁДИ МО
Миллати тоҷикро аслан забонаш зинда дошт, Чунки ӯ ҳам ин забонро ҳамчу ҷонаш зинда дошт. Ҷавшанаш буд ин забону Меҳанаш буд ин забон, Ин забонро чун тавоне дар
ТОҶИКИСТОНРО МАКУН ҚИСМАТ
(Хитоб ба маҳалгароён) Тоҷикистонро дигар қисмат макун, Байни Хатлону Зарафшону Бадахшон, Модареро чун тавон қисмат намуд,
Шони муаллим
Баланд аст аз фалак шони муаллим, Бувад ҷонбахши мо ҷони муаллим. Набошад неъмате дар ҳар ду олам Ҳалол аз пораи нони муаллим.
Муаллим
Шеъре ба номи некат, омӯзгор, дорам, Дар анҷуман ба дастат чун туҳфае супорам, Баҳри сипоси хотир дастат ҳамефишорам, Миннатпазирам аз ту доим ба рӯзгорам.
Мо толиби сулҳем
Мо мардуми ин кишвари дар авҷу барорем, Як зарра ҳам аз душмани худ тарс надорем, Лекин ҳама чун як дилу ҷон сулҳшиорем, Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем.
Та, ки хуршеди авҷи дилрабоӣ,
Та, ки хуршеди авҷи дилрабоӣ, Чунин бераҳму сангдил чароӣ? Ба аввал он ҳама меҳру муҳаббат, Ба охир роҳу расми бевафоӣ?!


