Шеърҳо бо теги: ахлоқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ахлоқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ
Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ, То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Меҳр мафкан бар ин саройи сипанҷ
Меҳр мафкан бар ин саройи сипанҷ, К-ин ҷаҳон пок бозию найранҷ. Неки ӯро фасона дору шуд, Бади ӯро камар-т сахт битанҷ!
Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам
Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам, Ки номи неки ту дом асту зарқ мар нонро. Касе, ки дом кунад номи нек аз пайи нон, Яқин бидон ту, ки дом аст нон-ш мар ҷо
Замона панде озодвор дод маро
Замона панде озодвор дод маро, Замонаро чу накӯ бингарӣ, ҳама панд аст. Ба рӯзи неки касон, гуфт, ғам махур зинҳор, Басо касо, ки ба рӯзи ту орзуманд аст.
Чаҳор чиз
Чаҳор чиз мар озодаро зи ғам бихарад: Тани дурусту хуи неку номи неку хирад. Ҳар он кӣ Эзадаш ин ҳар чаҳор рӯзӣ кард, Сазад, ки шод зияд ҷовидону ғам нахӯрад.
Модари май
Модари майро бикард бояд қурбон, Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон. Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ, То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон.