Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Модари май

Модари майро бикард бояд қурбон, Баччаи ӯро гирифту кард ба зиндон. Баччаи ӯро аз ӯ гирифт надонӣ, То-ш накӯбӣ нахусту з-ӯ накашӣ ҷон. Ҷуз ки набошад ҳалол дур бикардан Баччаи кӯдак зи шири модару пистон. То нахӯрад шир ҳафт маҳ ба тамомӣ Аз сари урдибиҳишт то буни обон. Он гаҳ шояд зи рӯйи дину раҳи дод Бачча ба зиндони тангу модар қурбон. Чун бисупорӣ ба ҳабс баччаи ӯро, Ҳафт шабонрӯз хира монаду ҳайрон. Боз чу ояд ба ҳушу ҳол бибинад, Ҷӯш барорад, бинолад аз дили сӯзон. Гоҳ забар зер гардад аз ғаму гаҳ боз Зер забар, ҳамчунон зи андуҳи ҷӯшон. Зарр бар оташ куҷо бихоҳӣ полуд, Ҷӯшад, лекин зи ғам наҷӯшад чандон. Боз ба кирдори уштуре, ки бувад маст, Кафк барорад зи хашму ронад султон. Марди ҳарас кафкҳош пок бигирад, То бишавад тирагишу гардад рахшон. Охир, к-ором гираду начахад низ Дар-ш кунад устувор марди нигаҳбон. Чун бинишинад тамому софӣ гардад, Гунаи ёқути сурх гираду марҷон. Чанд аз ӯ сурх чун ақиқи ямонӣ, Чанд аз ӯ лаъл чун нигини Бадахшон! В-ар-ш бибӯйӣ, гумон барӣ, ки гули сурх Бӯй бад-ӯ доду мушку анбар бо бон. Ҳам ба хум-андар ҳамегузорад чунин То ба гаҳи навбаҳору нимаи найсон. Он гаҳ агар ними шаб дараш бикушоӣ, Чашмаи хуршедро бибинӣ тобон. В-ар ба булур андарун бибинӣ, гӯйӣ, Гавҳари сурх аст ба кафи Мусии Имрон! Зуфт шавад родмарду суст диловар,