Шеърҳо бо теги: ахлоқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ахлоқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест
Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест, Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест. Рӯзе, ки ту бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд, Зоеътар аз он рӯз туро рӯзе нест.
Ишқ гарчи балост, он бало ҳукми худост
Ишқ гарчи балост, он бало ҳукми худост, Бар ҳукми худо маломати халқ чарост? В-ар неку бадӣ банда ба тақдири худост, Пас рӯзи пасин ҳисоб бар банда чарост.
Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ
Гар кори фалак ба адл санҷида будӣ, Аҳволи фалак ҷумла писандида будӣ. В-ар адл будӣ ба корҳо дар гардун, Кай хотири аҳли фазл санҷида будӣ.
Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд
Ҳаргиз дили ман зи илм маҳрум нашуд, Кам монд зи асрор, ки мафҳум нашуд. Ҳафтоду ду сол фикр кардам шабу рӯз, Маълум шуд, ки ҳеҷ маълум нашуд.
Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад
Бадхоҳи касон ба ҳеҷ мақсад нарасад, Як бад накунад, то ба сараш сад нарасад. Ман неки ту хоҳаму ту хоҳӣ бади ман, Ту нек набиниву ба ман бад нарасад.
Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст
Некиву бадӣ, ки дар ниҳоди башар аст, Шодиву ғаме, ки дар қазову қадар аст. Бо чарх макун ҳавола, к-андар раҳи ақл, Чарх аз ту ҳазор бор бечоратар аст!
Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем
Эй дӯст, биё, то ғами фардо нахӯрем, В-ин якдама умрро ғанимат шумарем. Фардо, ки аз ин дайри куҳан даргузарем, Бо ҳафтҳазорсолагон сарбасарем.