Шеърҳо бо теги: ахлоқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ахлоқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Эй оинаро дода ҷило сурати ту,
Эй оинаро дода ҷило сурати ту, Як оина кас надид бе сурати ту. Не, не, ки зи лутф дар ҳама оинаҳо Худ омадаӣ ба дидани сурати ту.
Фарёд зи дасти фалаки оинагун,
Фарёд зи дасти фалаки оинагун, К-аз ҷавру ҷафои ӯ ҷигар дорам хун. Рӯзе ба ҳазор ғам ба шаб меорам, То худ фалак аз парда чӣ орад берун.
Дорам зи ҷафои фалаки оинагун
Дорам зи ҷафои фалаки оинагун В-аз гардиши ин сипеҳри хаспарвари дун Аз дида рухе, ҳамчу пиёла ҳама ашк, В-аз сина диле, ҳамчу суроҳӣ ҳама хун.
Бахте на, ки бо дӯст даромезам ман,
Бахте на, ки бо дӯст даромезам ман, Сабре на, ки аз ишқ бипарҳезам ман. Дасте на, ки бо қазо даровезам ман, Пое на, ки аз дасти ту бигрезам ман.
Ё раб, назаре бар мани саргардон кун,
Ё раб, назаре бар мани саргардон кун, Лутфе ба мани дилшудаи ҳайрон кун. Бо ман макун, он чи ман сазои онам, Он-ч аз караму лутфи ту зебад, он кун.
Ё раб, ту ба фазл мушкилам осон кун,
Ё раб, ту ба фазл мушкилам осон кун, Аз фазлу карам дарди маро дармон кун. Бар ман манигар, ки бекасу беҳунарам, Ҳар чиз, ки лоиқи ту бошад, он кун.
Бе рӯи ту рои истиқомат накунам,
Бе рӯи ту рои истиқомат накунам, Касро ба ҳавои ту маломат накунам. Дар ҷустани васли ту иқомат накунам, Аз ишқи ту тавба то қиёмат накунам.
Бемеҳрии он баҳонаҷӯ медонам,
Бемеҳрии он баҳонаҷӯ медонам, Бе дарду ситам одати ӯ медонам. Ҷуз ҷавру ҷафо одати он бадхӯ не, Ман шеваи ёри худ накӯ медонам.
На аз сари кори бохалал метарсам,
На аз сари кори бохалал метарсам, На низ зи тақсири амал метарсам. Тарсам зи гуноҳ нест, омурзиш ҳаст, Аз собиқаи рӯзи азал мерасам.
Озурдатарам, гарчи камозортарам,
Озурдатарам, гарчи камозортарам, Бисёртарам, гарчи вафодортарам. Бо ҳар кӣ вафову сабр ман кардам беш, Субҳоналлаҳ, ба чашми ӯ хортарам.
Гар дасти тазаррӯъ ба дуо бардорам,
Гар дасти тазаррӯъ ба дуо бардорам, Беху буни кӯҳҳо зи ҷо бардорам. Лекин зи тафаззулоти маъбуди аҳад «Фасбир сабран ҷамил»-ро бардорам.
Якчанд давидаму қадам фарсудам,
Якчанд давидаму қадам фарсудам, Охир бе ту падид н-омад судам. То даст ба байъати вафоят судам, Дар хона нишастаму фурӯ осудам.
Дар васли ту пайваста ба гулшан будам,
Дар васли ту пайваста ба гулшан будам, Дар ҳаҷри ту бо нолаву шеван будам. Гуфтам ба дуо, ки чашми бад дур зи ту, Эй дӯст, магар чашми бадат ман будам?
Онон, ки ба номи нек мехонандам,
Онон, ки ба номи нек мехонандам, Аҳволи даруни бад намедонадам. Гар з-онки дарун-бурун бигардонандам, Муставҷиби онам, ки бисӯзонандам.
Ҳарчанд ба сурат аз ту дур афтодам,
Ҳарчанд ба сурат аз ту дур афтодам, Зинҳор мабар зан, ки шудӣ аз ёдам. Дар кӯи вафои ту агар хок шавам, З-он ҷо натавонад, ки рабояд бодам.
Гар фазл кунӣ, надорам аз олам бок,
Гар фазл кунӣ, надорам аз олам бок, В-ар адл кунӣ, шавам ба якбора ҳалок. Рӯзе сад бор гӯям: Эй холиқи пок, Муште хокам, чӣ ояд аз муште хок.
Эй воқифи асрори замири ҳама кас,
Эй воқифи асрори замири ҳама кас, Дар ҳолати аҷз дастгири ҳама кас. Ё раб, ту маро тавба диҳу узр пазир, Эй тавбадиҳу узрпазири ҳама кас.
Аллоҳ, ба фарёди мани бекас рас,
Аллоҳ, ба фарёди мани бекас рас, Фазлу карамат ёри мани бекас бас. Ҳар кас ба касею ҳазрате менозад, Ҷуз ҳазрати ту надорад ин бекас кас.
Эй сирри ту дар синаи ҳар маҳрами роз,
Эй сирри ту дар синаи ҳар маҳрами роз, Пайваста дари раҳмати ту бар ҳама боз. Ҳар кас, ки ба даргоҳи ту овард ниёз, Маҳрум зи даргоҳи ту кай гардад боз.
Дар боргаҳи ҷалолат, эй узрпазир,
Дар боргаҳи ҷалолат, эй узрпазир, Дарёб, ки ман омадаам зору ҳақир. Аз ту ҳама раҳмат асту аз ман тақсир, Ман ҳеч наям, ҳама туӣ, дастам гир.
Ё раб, ба карам бар мани давреш нигар,
Ё раб, ба карам бар мани давреш нигар, Дар ман манигар, дар карами хеш нигар. Ҳарчанд наям лоиқи бахшоиши ту, Бар ҳоли мани хастаи дилреш нигар.
Ё раб, бикушо, гиреҳ зи кори мани зор,
Ё раб, бикушо, гиреҳ зи кори мани зор, Раҳме, ки зи ақл оҷизам дар ҳама кор. Ҷуз даргаҳи ту кай бувадам даргоҳе, Маҳрум аз ин дарам макун, ё ғаффор.
Гулзори вафо зи хори ман мерӯяд,
Гулзори вафо зи хори ман мерӯяд, Ихлос зи раҳгузори ман мерӯяд. Дар куфри ту дӯш сар ба зону будам, Имрӯз гул аз канори ман мерӯяд.
Осон гули боғи муддао натвон чид,
Осон гули боғи муддао натвон чид, Бе сарзаниши хори ҷафо натвон чид. Бишкуфта гули мурод бар шохи умед, То сар наниҳӣ ба зери по, натвон чид.
Гӯшам чу ҳадиси дарди чашми ту шунид,
Гӯшам чу ҳадиси дарди чашми ту шунид, Филҳол дилам хун шуду аз дида чакид. Чашми ту накӯ шавад, ба ман чун нигарӣ, То кӯр шавад, ҳар он ки натвонад дид.