Шеърҳо бо теги: ахлоқӣ
Шеърҳои марбут ба теги «ахлоқӣ» дар сомонаи «Шоирон».
Мураттабкунӣ: навтарин аввал
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу,
Шаве набвад, ки дил пурғам намебу, Ки он дилбар даме ҳамдам намебу. Ҳазорон раҳмати ҳақ бод бар ғам, Замоне аз дили му кам намебу.
Диле дирам, даме хуррам намебу,
Диле дирам, даме хуррам намебу, Ғаме дирам, ки ҳаргиз кам намебу. Хате дирам му аз хубони олам, Ки ёри бевафо ҳамдам намебу.
Дилам тангу надонам сабр кардан,
Дилам тангу надонам сабр кардан, Зи дилтангӣ бувам розӣ ба мурдан. Зи шарми рӯи та му дар ҳиҷобам, Надонам арзи ҳолам во та кардан.
Зи бахти бад ҳазор андеша дирам,
Зи бахти бад ҳазор андеша дирам, Ҳамеша заҳри ғам дар шиша дирам. Зи носозии бахту гардиши чарх Фиғону оҳу зорӣ пеша дирам.
Му, ки дур аз туам, зуннор бандам,
Му, ки дур аз туам, зуннор бандам, Яҳуду бутпарастам, гар бихандам. Пас аз аҳду вафоят, эй дилором, Дигар аҳду вафо бо кас набандам.
Гулистон ҷои ту, эй нозанинам,
Гулистон ҷои ту, эй нозанинам, Му дар гулхан ба хокистар нишинам. Чи дар гулшан, чи дар гулхан, чи саҳро, Чу дида во карам, ҷуз ту навинам.
Назунӣ, эй фалак, ки мустамандам,
Назунӣ, эй фалак, ки мустамандам, Во му пур бад макан, ки дардмандам. Ба як гардиш, ки мегардӣ, бибинӣ, Чу ришта му ба сомонат бибандам.
Сари кӯҳи баланд чандон нишинам,
Сари кӯҳи баланд чандон нишинам, Ки лола сар дарора, му бичинам. Чу лола бевафо бу, бевафо бу, Нигори бевафо му чун гузинам?
Ба ишқат, эй дареғо, награвистам,
Ба ишқат, эй дареғо, награвистам, Навиди васли ту то нашнавистам. Ба дил тухми вафоят киштам охир, Ба ҷуз андӯҳу хорӣ надравистам.
Му аз қолу бало ташвиш дирам,
Му аз қолу бало ташвиш дирам, Гуноҳ аз баргу борун беш дирам. Агар «Лотақнату» дастам нагирад, Му аз «Ё вайлано» андеш дирам.
Гуфтам, ки чароӣ ту бад-ин зебоӣ?
Гуфтам, ки чароӣ ту бад-ин зебоӣ? Гуфто худро, ки ман худам яктое. Ҳам ишқаму ҳам ошиқу ҳам маъшуқам, Ҳам оинаи ҷамолу ҳам биноӣ.
Покию муназзаҳию беҳамтоӣ,
Покию муназзаҳию беҳамтоӣ, Касро нарасад мулк бад-ин зебоӣ. Халқон ҳама хуфтаанду дарҳо баста, Ё раб, ту дари лутф ба мо бикшоӣ.
Омад бари ман қосиди он сарви сиҳӣ,
Омад бари ман қосиди он сарви сиҳӣ, Овард биҳӣ, то набувад дасти тиҳӣ. Ман ҳам рухи худ бад-он биҳӣ молидам, Яъне зи мараз ниҳодаам рӯ ба беҳӣ.
Ё раб, дари халқ такягоҳам накунӣ,
Ё раб, дари халқ такягоҳам накунӣ, Мӯҳтоҷи гадову подшоҳам накунӣ. Мӯи сияҳам сафед кардӣ ба карам, Бо мӯи сафед рӯсиёҳам накунӣ.
Хоҳӣ чу Халил Каъба бунёд кунӣ,
Хоҳӣ чу Халил Каъба бунёд кунӣ, В-онро ба намозу тоат обод кунӣ, Рӯзе ду ҳазор банда обод кунӣ, Беҳ з-он набувад, ки хотире шод кунӣ.
То чанд сухан тарошию ранда занӣ,
То чанд сухан тарошию ранда занӣ, То кай ба ҳадаф тири пароканда занӣ? Гар як варақ аз илми хамӯшӣ хонӣ, Бисёр бад-ин гуфтушунав ханда занӣ.
Эй он ки ба кунҳат нарасад идроке,
Эй он ки ба кунҳат нарасад идроке, Кавнайн ба пеши карамат хошоке. Аз рӯи корам агар бибахшӣ ҳамаро, Бахшида шавад пеши ту мушти хоке.
Ё раб, ё раб, каримию ғаффорӣ,
Ё раб, ё раб, каримию ғаффорӣ, Раҳмону раҳиму роҳиму сатторӣ. Хоҳам, ки ба раҳмати худовандии хеш Ин бандаи шарманда фурӯ нагзорӣ.
Ғам ҷумла насиби чархи хам боистӣ,
Ғам ҷумла насиби чархи хам боистӣ, Ё бо ғами ман сабр ба ҳам боистӣ. Ё мояи ғам чу умр кам боистӣ, Ё умр ба андозаи ғам боистӣ.
Эй ғам, ки ҳиҷоби сабр бишкофтаӣ,
Эй ғам, ки ҳиҷоби сабр бишкофтаӣ, Бетобии ман дидаву бартофтаӣ. Шаб тираву ёр дуру кас мӯнис не, Эй ҳаҷр, бикуш, ки бекасам ёфтаӣ.
Эй нек накардаву бадиҳо карда,
Эй нек накардаву бадиҳо карда, В-он гоҳ наҷоти худ таманно карда. Бар афв макун такя, ки ҳаргиз набувад Нокарда чу карда, карда чун нокарда.
Дар гуфтани зикри ҳақ забон аз ҳама беҳ,
Дар гуфтани зикри ҳақ забон аз ҳама беҳ, Тоат ки ба шаб кунӣ ниҳон, аз ҳама беҳ. Хоҳӣ зи пули сирот осон гузарӣ, Нон деҳ ба ҷаҳониён, ки нон аз ҳама беҳ.
Инак сари кӯи дӯст, инак сари роҳ,
Инак сари кӯи дӯст, инак сари роҳ, Гар ту наравӣ, равандагонро чӣ гуноҳ? Ҷома чӣ кунӣ кабуду нилию сиёҳ, Дил соф куну қабо ҳамепӯшу кулоҳ.
Аз ҳар чӣ на аз баҳри ту кардам, тавба,
Аз ҳар чӣ на аз баҳри ту кардам, тавба, В-ар бе ту ғаме хӯрдам, аз он ғам тавба. В-он низ, ки баъд аз он барои ту кунам, Гар беҳтар аз он тавон, аз он ҳам тавба
Эй холиқи зулҷалол, в-эй раҳмон ту,
Эй холиқи зулҷалол, в-эй раҳмон ту, Сомондиҳи кори бесару сомон ту. Хасмони маро мутеъи ман мегардон, Бераҳмонро зи чашми ман гардон ту.