Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ахлоқӣ

Шеърҳои марбут ба теги «ахлоқӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Озодию ишқ чун ҳаме н-омад рост,

👁 6

Озодию ишқ чун ҳаме н-омад рост, Банда шудаму ниҳодам аз як сӯ хост. З-ин пас чунонки дорадам дӯст, равост, Гуфтору хусумат аз миёна бархост.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Кардам тавба, шикастияш рӯзи нахуст,

👁 4

Кардам тавба, шикастияш рӯзи нахуст, Чун бишкастам, ба тавбаам хондӣ чуст. Ақисса, зимоми тавбаам дар кафи туст, Як дам на шикастааш гузорӣ, на дуруст.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Аз бори гунаҳ шуд тани мискинам паст,

👁 11

Аз бори гунаҳ шуд тани мискинам паст, Ё раб, чӣ шавад, агар маро гирӣ даст? Гар дар амалам он чи туро шояд, нест, Андар карамат он чи маро бояд, ҳаст.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Он ёр, ки аҳди дӯстдорӣ бишкаст,

👁 12

Он ёр, ки аҳди дӯстдорӣ бишкаст, Мерафту манаш гирифта доман дар даст. Мегуфт: Дигарбора ба хобам бинӣ, Андар карамат он чи маро бояд, ҳаст.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост,

👁 14

Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост, Торикдилам, нуру сафои ту куҷост? Моро ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ, Ин байъ бувад, лутфу атои ту куҷост?

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Гар толиби роҳи Ҳақ шавӣ, раҳ пайдост,

👁 13

Гар толиби роҳи Ҳақ шавӣ, раҳ пайдост, Ӯ рост бувад бо ту, ту гар бошӣ рост. В-он гаҳ ки ба ихлосу ба дил гар софӣ, Ӯро бошӣ, бидон, ки ӯ низ турост.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Эй оинаи ҳусни ту дар сурати зеб

👁 7

Эй оинаи ҳусни ту дар сурати зеб Гирдоби ҳазор киштии сабру шикеб. Ҳар оинае, ки ғайри ҳусни ту бувад, Хонад хирадаш сароби саҳрои фиреб.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Эй зоту сифоти ту мубарро зи уюб,

👁 9

Эй зоту сифоти ту мубарро зи уюб, Як ном зи асмои ту алломи ғуюб. Раҳм ор, ки умру тоқатам рафт ба бод, На Нӯҳ бувад ном маро, на Айюб.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о,

👁 37

Боз о, боз о, ҳар он чӣ ҳастӣ, боз о, Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о. Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест, Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дӣ шона зад он моҳ хами гесӯро,

👁 10

Дӣ шона зад он моҳ хами гесӯро, Бар чеҳра ниҳод зулфи анбарбӯро. Пӯшид бад-ин ҳила рухи некӯро, То ҳар кӣ на маҳрам, нашиносад ӯро.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ҳар гоҳ, ки бинӣ ду-се саргардонро,

👁 8

Ҳар гоҳ, ки бинӣ ду-се саргардонро, Айби раҳи мардон натавон кард онро. Тақлиди ду-се муқаллиди бемаънӣ Бадном кунад раҳи ҷавонмардонро.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро,

👁 7

То чанд кашам ғуссаи ҳар нокасро, В-аз хиссати худ хок шавам ҳар хасро. Корам ба дуо чу барнамеояд рост, Додам се талоқ ин фалаки атласро.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ё раб, макун аз лутф парешон моро,

👁 8

Ё раб, макун аз лутф парешон моро, Ҳарчанд ки ҳаст ҷурму исён моро. Зоти ту ғанӣ будаву мо мӯҳтоҷем, Мӯҳтоҷ ба ғайри худ магардон моро.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо,

👁 8

Ё раб, зи карам даре ба рӯям бикушо, Роҳе, ки дар ӯ наҷот бошад, бинамо. Мустағниям аз ҳар ду ҷаҳон кун ба карам, Ҷуз ёди ту ҳар чӣ ҳаст, бар аз дили мо.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Дар Каъба агар дил суи ғайр аст туро,

👁 8

Дар Каъба агар дил суи ғайр аст туро, Тоат ҳама фисқу Каъба дайр аст туро. В-ар дил ба Худову сокини майкадаӣ, Май нӯш, ки оқибат ба хайр аст туро.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Ҳушёр бош

👁 68

Як ваҷаб роҳ аст, Бедил, аз ту то домони хок, Дар сари миҷгон чу ашк истодаӣ, ҳушёр бош.

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Я напишу

👁 17

Я напишу Я напишу о том, как сладок утренний момент После убийственно неповторимого заката дня, Как укрепляет он надежды той пигмент,

А
Аниса Назарӣ

Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор

👁 49

Фузун хоҳӣ бақо, дилҳо маёзор, Ки доим дар амон бошад камозор! Ба ёди Ҳақ таъоло бош хушнуд, Ки хушнудӣ ризо ҳосил кунад зуд!

Носири Хусрав
Носири Хусрав

Кош то дил мегирифту мешикаст

👁 58

Кош то дил мегирифту мешикаст, Дӯст меомад, канораш менишаст! Кош мешуд рӯи ҳар рангинкамон Менавиштам, Меҳрубон бо ман бимон!

Нимо Юшиҷ
Нимо Юшиҷ

Бигзарад

👁 30

Эй дило, ғофил чароӣ? Рӯзгорон бигзарад, Ҳамраҳи гул нашъаи фасли баҳорон бигзарад. Қадри якдигар намедонем дар базми тараб, Лаҳзаи танҳоии мо қадри ёрон бигза

Сармад
Сармад

Илҳоми гумгашта

👁 20

Аё илҳоми ман, рафтӣ куҷое, Кунун мондам дар ин меҳнатсарое. Саросар аз фироқат гашта маҳзун, Зи осмон барф борад, аз дилам хун.

О
Олимов Низомиддин (Назмӣ)

Дил ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст

👁 193

Дил ки ранҷид аз касе, хурсанд кардан мушкил аст. Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст. Кӯҳро он бузурги метавон ҳамвор кард, Ҳарфи ноҳамворро ҳамвор кард

Соиби Табрезӣ
Соиби Табрезӣ

Ҳар сари шаб бо қади хамгашта мегӯяд ҳилол

👁 55

Сарвро шамшоди қаддаш маҳв чун тасвир кард, Обро мавҷи хиромаш пой дар занҷир кард. Эй дами субҳи қиёмат, ин ҳама таъхир чист?Посихотирдории суҳбат маро дилгир

Сайидои Насафӣ
Сайидои Насафӣ

Нардбон боло барад ҳам мард, ҳам номардро

👁 53

Нардбон боло барад ҳам мард, ҳам номардро, Зина гардад мардуми пурдард, ҳам бедардро Нардбон боло барад... аммо на ҳар кас дар ҷаҳон, Меравад болою мегардад яке

Гулназар Келдӣ
Гулназар Келдӣ

Солам бигузашту гарчи ман солорам

👁 35

Солам бигузашту гарчи ман солорам, Армон наравад зи синаи афгорам. Ку тифлӣ, к-аз ғаме бигирям осон? Ку бӯсаи модар, ки барад озорам?!

Гулназар Келдӣ
Гулназар Келдӣ
Саҳифаи 5 аз 7