Илҳоми гумгашта
Аё илҳоми ман, рафтӣ куҷое,
Кунун мондам дар ин меҳнатсарое.
Саросар аз фироқат гашта маҳзун,
Зи осмон барф борад, аз дилам хун.
Ҷудоӣ аз ту ғамҳоро биёрад,
Даруни сина тухми ғам бикорад.
Ҳамон дам, ки биёӣ ту ба сӯям,
Ҳама зулфони мушкинат бибӯям.
Тамоми ганҷи дунёи ман ҳастӣ,
Давои ҷони шайдои ман ҳастӣ.
Тароват дар баҳори ман ту бошӣ,
Муҳаббат дар канори ман ту бошӣ.
Барои ҷумла рӯзғорам сафоӣ,
Ҷаҳон пур аз ҷафо аст, ту вафоӣ.
Биёр ташриф бар ин меҳанзаминам,
Садоқат кун, биё бар сарзаминам.
Ҳамоно омадӣ пеши мани зор,
Ҷаҳони тираам кардӣ ту нурбор.
Аё Назмӣ, намо эҷоду таълиф,
Барои ишқ бинвис, на ба таъриф.
#назмӣ