Наврӯзи давраи бачагӣ
НАВРӮЗИ ДАВРАИ БАЧАГӢ
Дар давраи бачагӣ,
Идона ба мо буд қанд.
Дар ҳар иди Наврӯзӣ,
Аз қанд мешудем хурсанд.
Модар мепухт кулчақанд,
Нону фатиру шӯрбо.
Ҳафтсин, ҳафтшини Наврӯз,
Медод дастархон оро.
Баъди хӯрдани хӯрок,
Мерафтем мо сайри боғ.
Аз ҳар сӯ бӯйи хуше,
Мерасид андар димоғ.
Боғ аттраксион дошт,
Мо аспчабозӣ кардем.
Бо аҳли оиламон,
Хурсандӣ, шодӣ кардем.
Баъд ба хона баргаштем,
Хешовандон омаданд.
Дастархони идона,
Модаркалон оростанд.
Бобомон мекард дуо:
Мехоҳам ман аз Худо.
То Наврӯзи дигарӣ
Зинда расонад моро.
#Назмӣ