Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон

Шеърҳо бо теги: ахлоқӣ

Шеърҳои марбут ба теги «ахлоқӣ» дар сомонаи «Шоирон».

Шоирон

Ҳар сари шаб бо қади хамгашта мегӯяд ҳилол

👁 82

Сарвро шамшоди қаддаш маҳв чун тасвир кард, Обро мавҷи хиромаш пой дар занҷир кард. Эй дами субҳи қиёмат, ин ҳама таъхир чист?Посихотирдории суҳбат маро дилгир

Сайидои Насафӣ
Сайидои Насафӣ

Нардбон боло барад ҳам мард, ҳам номардро

👁 78

Нардбон боло барад ҳам мард, ҳам номардро, Зина гардад мардуми пурдард, ҳам бедардро Нардбон боло барад... аммо на ҳар кас дар ҷаҳон, Меравад болою мегардад яке

Гулназар Келдӣ
Гулназар Келдӣ

Солам бигузашту гарчи ман солорам

👁 48

Солам бигузашту гарчи ман солорам, Армон наравад зи синаи афгорам. Ку тифлӣ, к-аз ғаме бигирям осон? Ку бӯсаи модар, ки барад озорам?!

Гулназар Келдӣ
Гулназар Келдӣ

Ҳайфи он субҳе, ки танҳо бо ғами нон бигзарад

👁 42

Ҳайфи он субҳе, ки танҳо бо ғами нон бигзарад, Ҳайфи он шоме, ки дар талвосаи ҷон бигзарад. Сайри кайҳон карда кайҳо дигарон, бозомаданд, Он мабодо, ҳасрати мо

Низом Қосим
Низом Қосим

Ба ҳукми қисмат ар саргашта гардӣ

👁 39

Ба ҳукми қисмат ар саргашта гардӣ, Ба ногоҳе ба мулки кӯҳсоре, Ту худро хеҷ гаҳ бегона машмор, Гар ин ҷо ошное ҳам надорӣ.

Мастон Шералӣ
Мастон Шералӣ

Бар он банда Ҳақ некуӣ хостаст

👁 66

Бар он банда Ҳақ некуӣ хостаст, Ки бо ӯ, дилу дасти зан рост аст. Зи бегонагон чашми зан кӯр бод, Чу берун шуд аз хона, дар гӯр бод!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Зебоиро на сафеду пусти сиёҳ бошад

👁 21

Зебоиро на сафеду пусти сиёҳ бошад, Зебоиро адаб чу хулқи Мустафо бошад. Кафан сафед бувад, вале-к даҳшат, Магар Каъба сияҳ нест, ки хушсурат.

Ф
Фариди Сомғорӣ

Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон,

👁 66

Дунё гузарон, меҳнати дунё гузарон, Не бар падарон монаду не бар писарон. То битвонӣ, умр ба тоат гузарон, Бингар, ки фалак чӣ мекунад бо дигарон.

Абӯсаиди Абулхайр
Абӯсаиди Абулхайр

Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест

👁 85

Эй вой бар он дил, ки дар ӯ сӯзе нест, Савдозадаи меҳри дилафрӯзе нест. Рӯзе, ки ту бе ишқ ба сар хоҳӣ бурд, Зоеътар аз он рӯз туро рӯзе нест.

Умари Хайём
Умари Хайём

Андар ситоиши султон Маҳмуд

👁 72

Яке панди он шоҳ ёд оварам, Зи кажжӣ равон сӯи дод оварам. Маро гуфт, к-«Ин номаи шаҳрёр Гарат гуфта ояд, ба шоҳон супор!»

Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

7. Гуфтор дар бунёд ниҳодани китоб

👁 107

Дили равшани ман чу баргашт аз ӯй, Сӯи тахти шоҳи ҷаҳон кард рӯй, Ки ин номаро даст пеш оварам, Зи дафтар ба гуфтори хеш оварам.

Абулқосими Фирдавсӣ
Абулқосими Фирдавсӣ

Эй мурдаи такаллуф, аз кайфу кам бурун о,

👁 28

Эй мурдаи такаллуф, аз кайфу кам бурун о, Гоҳе ба рағми дониш, девона ҳам бурун о. То аз гулат ҷуз исор ранге дигар нахандад, Сар то қадам, чу хуршед, дасти кар

Абдулқодири Бедил
Абдулқодири Бедил

Ҳушанг

👁 28

Чу бар тахти шаҳӣ биншаст Ҳушанг, Аз ӯ бигрифт гетӣ фарру фарҳанг. Шаҳаншоҳе бузургу номвар буд, Хидеве меҳрубону додгар буд.

Абулқосим Лоҳутӣ
Абулқосим Лоҳутӣ

Хизр ҳиммат талабад аз дили овораи мо

👁 16

Хизр ҳиммат талабад аз дили овораи мо, Меҳр дарюза кунад нур зи сайёраи мо. Мо, сабӯҳиталабон сӯфии софинафасем, Ҷуръа бар субҳ фишонад лаби майхораи мо.

Толиби Омулӣ
Толиби Омулӣ

Аз бода барфурӯз рухи шоҳидонаро

👁 8

Аз бода барфурӯз рухи шоҳидонаро, Юсуфнигор кун дару девори хонаро. Арбоби ваъда гирди рикобат гирифтаанд, Оташинон масоз саманди баҳонаро.

Толиби Омулӣ
Толиби Омулӣ

Достони подшоҳи золим ва марди ростгӯй

👁 55

Подшоҳе буд раиятшикан, В-аз сари ҳуҷҷат шуда Ҳуҷҷоҷфан. Ҳар чи ба таърих шаб аз рӯз зод, Бар дили ӯ дард шудӣ бомдод.

Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Меҳр мафкан бар ин саройи сипанҷ

👁 55

Меҳр мафкан бар ин саройи сипанҷ, К-ин ҷаҳон пок бозию найранҷ. Неки ӯро фасона дору шуд, Бади ӯро камар-т сахт битанҷ!

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам

👁 87

Ба номи неки ту, хоҷа, фирефта нашавам, Ки номи неки ту дом асту зарқ мар нонро. Касе, ки дом кунад номи нек аз пайи нон, Яқин бидон ту, ки дом аст нон-ш мар ҷо

Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист

👁 26

Агарчи арзи ҳунар пеши ёр беадабист, Забон хамӯш, валекин даҳон пур аз арабист. Парӣ ниҳуфта руху дев дар карашмаи ҳусн, Бисӯхт ақл зи ҳайрат, ки ин чӣ булъаҷаб

Ҳофизи Шерозӣ
Ҳофизи Шерозӣ

Афсӯс, нагардад бадӣ аз олам гум

👁 34

Афсӯс, нагардад бадӣ аз олам гум, В-асло нарасад мардумӣ аз номардум. Пеши паси зиштон накунад фарқ, ки мор Заҳраш ба даҳон дораду каждум дар дум.

Аскар Ҳаким
Аскар Ҳаким

Ҷавонмардию лутф аст одамият

👁 158

Ҷавонмардию лутф аст одамият, Ҳамин нақши ҳаюлоӣ мапиндор! Чу инсонро набошад фазлу эҳсон, Чӣ фарқ аз одамӣ то нақши девор?!

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Ҳикояти Нӯшервон бо вазири худ

👁 38

Сайдкунон маркаби Нӯширвон Дур шуд аз кавкабаи хусравон. Мунис хусрав шуда дастур бас, Хусраву дастур дигар ҳеч кас.

Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Дар ин дунё агар танҳо барои хеш мезистам

👁 67

Дар ин дунё агар танҳо барои хеш мезистам Ва аз неку бади он мегузаштам чашм пӯшида. Зи рӯи хор не, аз рӯи сабза роҳ мерафтам, Ба ҷои оби сарди ҷӯй шири гарм нӯ

Гулрухсор Сафӣ
Гулрухсор Сафӣ

Айби ёрону дӯстон ҳунар аст

👁 35

Айби ёрону дӯстон ҳунар аст, Сухани душманон на муътабар аст. Муҳри меҳр аз даруни мо наравад, Эй бародар, ки нақш бар ҳаҷар аст.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор

👁 68

Дурӯғ одамиро кунад бевиқор, Дурӯғ одамиро кунад шармсор.

Саъдии Шерозӣ
Саъдии Шерозӣ
Саҳифаи 6 аз 8