Хизр ҳиммат талабад аз дили овораи мо
Хизр ҳиммат талабад аз дили овораи мо,
Меҳр дарюза кунад нур зи сайёраи мо.
Мо, сабӯҳиталабон сӯфии софинафасем,
Ҷуръа бар субҳ фишонад лаби майхораи мо.
Лонаи мо ба гулӯ хӯшаи Парвин дорад,
Саъйи деҳқон набувад беҳуда дар бораи мо.
Чӣ аҷаб, гар сари ангушт ба бозича занад,
Бар лаби пурхирадаш кӯдаки гаҳвораи мо?
Дида аз шавқ равад чанд қадам ҳамраҳи нур,
Ба гулистони ҷамолаш гаҳи назораи мо.
Шаби мо гуна ба дил кард ҳамоно, к-овард
Қадам аз қир бурун кавкаби сайёраи мо.
Об дар дидаи мо кисвати оташ пӯшад,
Арақи шуъла занад ҷӯш зи фаввораи мо.
Риштаи муддати умри Хизиру аҳди Масеҳ
Сарфи як бахя шавад дар ҷигари пораи мо.
Кор аз ин турктабибон накушояд Толиб,
Рав, Масеҳе биталаб, то ки кунад чораи мо.