Шӯри булбул медиҳад ёд аз қадаҳнӯшӣ маро
Шӯри булбул медиҳад ёд аз қадаҳнӯшӣ маро,
Накҳати гул мекунад таклифи беҳушӣ маро.
Ҳар замон бар лаб яке дарёи оташ мениҳам,
Аз қазо имрӯз меояд қадаҳпӯшӣ маро.
Нолаи мурғи чамангумкарда сероҳанг нест,
Вогузоред, ай навосанҷон, ба хомӯшӣ маро.
Чун пару боли самандар хокрӯби оташам,
Нанг меояд ба бӯйи гул ҳамоғӯшӣ маро.
Хорбунро бар гули шамшод ҳадди ҷилва нест,
Аз адаб дур аст бо нахли ту ҳамдӯшӣ маро.
Ҷомаи фатҳ аст бар тан кисвати доғи дилам,
Вожгунбахтам, шугун дорад сияҳпӯшӣ маро.
Номи Толиб бар забонам нагзарад, к-аз бахти бад
Бар фаромӯшӣ наяфзояд фаромӯшӣ маро.