Ба нигоҳе чу бисӯзанд бутон пайкари мо
Ба нигоҳе чу бисӯзанд бутон пайкари мо,
Сурмаи ноз фурӯшанд зи хокистари мо.
Мо мусибатзада мурғони қафасмуштоқем,
Гарди парвона бишӯед зи болу пари мо.
Кавкаби толеъи моро набувад иқболе,
Ҳама бар рӯйи замин сайр кунад ахтари мо.
Дар шабитсони ғамат гар мижжае гарм кунем,
Синаи ханҷари алмос бувад бистари мо.
Таъни мо аҳли ҳавасро мутаассир накунад,
Ғам шавад дар раги ин сангдилон наштари мо.
Толиб, он ғамза агар соқии маҷлис гардад,
Ханда бар соғари хуршед занад соғари мо!