Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Толиби Омулӣ
Толиби Омулӣ

Хор дар ҷайби гулистон фиканад гулхани мо

Хор дар ҷайби гулистон фиканад гулхани мо, Даста бар нағмаи Довуд занад шевани мо. Мо, маломатзадагон, офати маҳсули худем, Хӯшачин барқ ба доман барад аз хирмани мо. Таъзиятхонаи мо миннати нуре накашад, Фориғ аз партави хуршед бувад равзани мо. Дафъи як мӯ алами пайкари мо мумкин нест, Монеъи тезнигоҳе набувад ҷавшани мо. Касрати заъф ба ҳаддест, ки натвон фаҳмид, Тани моро зи яке риштаи пероҳани мо. Ишқ дар пайкари мо қуввати оҳе нагузошт, Гӯ, сабук соз дили хеш кунун душмани мо. Толиб, аз равзани хуршед маҷӯ ҷилваи нур, Назар андоз ба дагоҳи дили равшани мо.