Аз бода барфурӯз рухи шоҳидонаро
Аз бода барфурӯз рухи шоҳидонаро,
Юсуфнигор кун дару девори хонаро.
Арбоби ваъда гирди рикобат гирифтаанд,
Оташинон масоз саманди баҳонаро.
Мутриб, навои сода кам аз ҳеч навҳа нест,
Марғуларез кун сари зулфи таронаро.
Ошуфтагӣ зиёрати дил мекунад магар?
Бо сунбули ту қурби ҷуворист шонаро!
Он турки маст кист дар омоҷгоҳи ҳусн,
К-аз тири ғамза кард мушаббак нишонаро?!
Гирад нишони саҷдаи рӯҳулқудус лабам,
Чун бӯса бар ҷабин занам он остонаро.
Ҳиммат зи нек ношуданам дар бадӣ фиканд,
Тан дарнадод то бигузинам миёнаро.
Нокарда сайри ғамкада, ё Раб, чӣ гуна сохт
Булбул ба тарҳи хомаи ман ошёнаро?
Мо ҷумла соҳибони забонем, лек ҳаст
Фарқ аз калиди хона калиди хизонаро.
Аз бодпойи саъйи ман, ай дил, бидор даст,
К-ин тавсанест душмани ҷон тозиёнаро.
Бо маҳрамони зулфи туам сина соф нест,
То қатл ҳамраҳам, чӣ насиму чӣ шонаро!
Толиб ҳазор поя ба афтодагӣ фузуд
В-аз каф надод хирагии шоиронаро.