Баски вуболи халқ шуд нолаи дардноки мо
Баски вуболи халқ шуд нолаи дардноки мо,
Аксари дӯстон кунанд орзуи ҳалоки мо.
Нест таваҷҷуҳаш ба кас, то чӣ адои зишт шуд,
Боиси саргаронӣ шуд шӯхи карашманоки мо.
Боғи баҳори хешро то ба май об додаем,
Кист хазон, ки тар кунад панҷа зи хуни токи мо.
Чун хасу хори сӯхта дуд бароядаш зи сар,
Оташ агар ба бар кунад пераҳане зи хоки мо.
Монеъи васли мову ғам чанд бувад шукуфтагӣ,
Мо ҳамагӣ ҳалоки ғам, ғам ҳамагӣ ҳалоки мо.
Толиби комҷӯ куҷо навбати хоки мо кунад,
Нест насиби булҳавас рутбаи ишқи поки мо!