Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ту дар парда ниҳон, эй қаъбаи ҷон

Ту дар парда ниҳон, эй қаъбаи ҷон, Зи шавқат оламе рӯ дар биёбон. Ту ганҷию дар маъмура ҳар дам Ба ҷустуҷӯи ту сад хонавайрон. На ғунчаст ин, ки аз шарми ҷамолат Кашида рӯи худ гул дар гиребон. Расидӣ бар сарам дар по кашон зулф, Ба роҳат умри ман омад ба поён. Зи гулзори муродам бишкуфат гул, Чу гардад ғунчаи танги ту хандон. Шудӣ дармони ҳар дарде, ки гӯянд Чу ман гуфтан намеёрам, чӣ дармон. Кашиди боз даст аз қатли Ҷомӣ, Аз ин некӣ чаро гашти пушаймон?