Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Биноз, эй чашми шӯхат фитнаи хубони Туркистон

Биноз, эй чашми шӯхат фитнаи хубони Туркистон, На чашм аст он, ки динғораткуни тоҷику турк аст он. Ба лутфи рӯи гулгунат нарӯяд лола бар саҳро, Ба шакли қадди дилҷӯяд нахезад сарв дар бӯстон. Зи майгун лаъли ту овар мутриб дар миён нақле, Кунун умрест, к-он нақл аст нуқли маҷлиси мастон. Чӣ ширин парвариш додаст бо он лаб туро доя, Ҳамоно шаҳди ноб ояд ба ҷои шир аз пистон. Ба нокомӣ нахоҳам дур аз он лаб зиндагӣ дигар, Худоро, коми ман з-он лаб бидеҳ, ё ҷони ман бистон! Занӣ теғу шафеи ин гунаҳ созӣ ду соидро, Накарди зери по кас хуни ошиқро бад-ин дастон. Бад ин кишвар ниёз овард бо дасти тиҳӣ Ҷомӣ, Маяфшон остини бениёзӣ бар тиҳидастон.