Худоё, бар сари ноз ор бо мо каҷкулоҳонро
Худоё, бар сари ноз ор бо мо каҷкулоҳонро,
Ба сеҳри ғамза бар мо фитна кун ҷодунигоронро.
Биёбони муҳаббат сар кун, ай дил, к-андар ин водӣ
Далели Хизр бинӣ лолаи гумкардадомонро.
Ману шӯхе, ки истиллои ҳуснаш дар сафи маҳшар
Шикоят шукр созад бар забонҳо додхоҳонро.
Сипаҳдори ғамаш бар синаам з-он турктоз орад,
Ки тасхири билод ойин бувад лашкарпаноҳонро.
Ҷигархӯрдан бувад, гар пойи рашке дар миён бошад,
Мулоқоти қависармоягон бедастгоҳонро.
Назокат бо ҳарорат ҷамъ дар хуни шаҳон бингар,
Мураккаб з-оташу гул дон мизоҷи подшоҳонро.
Ману ишқи ту шоху барги як нахлем дар маънӣ,
Бале, хешӣ бувад бо ғамфизоён айшкоҳонро.
Ба гирди шамъ ҷӯши лашкари парвона дидастӣ?
Ба гирди теғи ӯ бингар ҳуҷуми бегуноҳонро
Ба сар чун зарра мерав дар рикоби сарварӣ, Толиб,
Ки як тан бишканад хуршедваш чатри Сипоҳонро.