Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Толиби Омулӣ
Толиби Омулӣ

Баски бар бистар гарон шуд ҷисми ғампарварди мо

Баски бар бистар гарон шуд ҷисми ғампарварди мо, Баъди марг аз хок маъшуқона хезад гарди мо. Мо ба анвори нафас бо субҳ тавъамзодаем, Базми дилро шамъи кофурист оҳи сарди мо. Даст бар домони хуршедест моро, к-аз сафар Нест фориғ лаҳзае чун сайти олам гарди мо. Он ки бар дебои роҳат по ба истиғно занад, Кай кунад бистар хасу хори балогустарди мо?! Сабр домангир шуд в-арна ба андак фурсате, Турраи ғам дода буд аз каф дили номарди мо. Ай, ки зеби ҷабҳаи ҳиндунажодон медиҳӣ, Рӯйи чин дорӣ уруқ бистар зи рӯйи зарди мо. Мо дари дил бар рухи анфоси Исӣ бастаем, Барги резони даво кам дида боғи дарди мо. Бо тани хокӣ зи бас оташмиҷоз афтодаем, Шуъла бигдозад, агар паҳлу занад бар гарди мо. Ҳаминони Толиб аз мисри балоғат мерасем, В-ин ғазал баҳри азизон аст роҳоварди мо.