Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Низомии Ганҷавӣ
Низомии Ганҷавӣ

Достони подшоҳи золим ва марди ростгӯй

Подшоҳе буд раиятшикан, В-аз сари ҳуҷҷат шуда Ҳуҷҷоҷфан. Ҳар чи ба таърих шаб аз рӯз зод, Бар дили ӯ дард шудӣ бомдод. Рафт яке пеши малик субҳгоҳ, Розкушояндатар аз субҳу моҳ. Аз камар андухта шаббозие, В-аз саҳар омӯхта ғаммозие. Гуфт: «Фалон пир туро дар нуҳуфт Хиракашу золиму хунрез гуфт». Шуд малик аз гуфтани ӯ хашмнок, Гуфт: «Ҳамакнун кунам ӯро ҳалок». Натъ бияфганду бар ӯ рег рехт, Дев зи девонагияш мегурехт. Шуд ба бари пир ҷавоне чу бод, Гуфт: «Малик бар ту ҷиноят ниҳод». Пир вузӯ карду кафан даргирифт, Пеши малик рафту сухан даргирифт. Даст ба ҳам суд шаҳи тирарой, В-аз сари кин дид сӯи пушти пой. Гуфт: «Шунидам, ки сухан рондаӣ, Кинакашу хиракашам хондаӣ! Огоҳӣ аз мулки Сулаймониям, Деву ситамкора чаро хониям?» Пир бад-ӯ гуфт: «На ман хуфтаам, З-он чи ту гуфтӣ, бадтарат гуфтаам. Пиру ҷавон бар хатар аз кори ту, Шаҳру деҳ озурда зи пайкори ту. Ман, ки чунин айбшумори туам, Дар баду нек оинадори туам. Оина чун нақши ту бинмуд рост, Худ шикан, оина шикастан хатост. Ростиям бину ба ман дор хашм, В-ар на чунин аст, ба дором каш». Пир чу бар ростӣ иқрор кард, Ростияш дар дили шаҳ кор кард. Чун малик аз ростияш пеш дид,