Достони ҳоҷӣ ва суфӣ
Каъбараве азми раҳ оғоз кард,
Қоидаи каъбаравон соз кард.
З-он чи фузун аз ғарази кор дошт,
Маблағи як бадраи динор дошт.
Гуфт: «Фалон сӯфии озодмард
Костӣ аз олами кӯтоҳгард.
Дар дилам ояд, ки диёнат дар ӯст,
Дар кас агар нест амонат, дар ӯст».
Рафту ниҳонеш фарохона бурд,
Бадраи динор ба сӯфӣ супурд.
Гуфт: «Нигоҳ дор дар ин парда роз,
То чу ман оям, ба ман ореш боз».
Хоҷа раҳи бодияро даргирифт,
Шайх зари орияро баргирифт.
«Ва рабби зинҳор», ки худ чанд буд,
То дили дарвеш дар он банд буд.
Гуфт: «Ба зар кори худ оростам,
Ёфтам он ганҷ, ки мехостам.
Зуд хӯрам, то накунад бастагӣ
Он чи Худо дод ба оҳистагӣ».
Бозкушод аз гиреҳ он бандро,
Доди тараб дод шабе чандро.
Ҷумлаи он зар, ки бари хеш дошт,
Базли шикам карду шикам пеш дошт.
Даст бад-он ҳуққаи динор кард,
Зулфи бутон ҳалқаи зуннор кард.
Хирқаи шайхона шуда шох-шох,
Тангдилӣ мондаю узре фарох.
Сайд чунон хӯрд, ки доғаш намонд,
Равғане аз баҳри чароғаш намонд.
Хоҷии мо чун зи сафар гашт боз,
Кард бар он ҳиндуи худ турктоз.
Гуфт: «Биёвар ба ман, эй тезҳуш!»
Гуфт: «Чӣ?»
Гуфто: «Зар».
Гуфто: «Хамӯш!
Дар карам овезу раҳо кун лаҷоҷ,
Аз деҳи вайрон кӣ ситонад хироҷ?