Достони ду ҳакими мутанозеъ
Бо ду ҳаким аз сари ҳамхонагӣ
Шуд сухане чанд зи бегонагӣ.
Лофи манӣ буду туй барнатофт,
Мулк яке буду дуй барнатофт.
Ҳақ ду нашояд, ки яке бишнаванд,
Сар ду набояд, ки яке бидраванд.
Ҷои ду шамшер наёме кӣ дид?
Базми ду Ҷамшед мақоме кӣ дид?
Дар тамаъ он буд ду фарзонаро,
К-аз ду яке хос кунад хонаро.
Чун асабият камари кин гирифт,
Хона зи пардохтан ойин гирифт.
Ҳар кӣ ба шабгир навое заданд,
Хонафурӯшона салое заданд,
К-аз сари носохтагӣ бигзаранд,
Сохтаи хеш ду шарбат хуранд.
То кӣ дар ин поя қавидилтар аст,
Шарбати заҳри кӣ ҳалохилтар аст.
Мулки ду ҳикмат ба яке фан диҳанд,
Ҷони ду сурат ба яке тан диҳанд.
Хасми нахустин қадре заҳр сохт,
Дар афъина санги сиёҳро гудохт.
Дод бад-ӯ к-ин май ҷонпарвар аст,
Заҳр мадонаш, ки беҳ аз шаккар аст.
Шарбати ӯро ситад он шермард,
Заҳр ба ёди шакар осон бихӯрд.
Нӯшгиё пухту бад-ӯ дарнишаст,
Раҳгузари заҳр ба тарёк баст.
Сӯхт чу парвонаю пар боз ёфт,
Шамъсифат боз ба маҷлис шитофт.
Аз чамани боғ яке гул бичид,
Хонд фусунею бар он бардамид.
Дод ба душман зи паи қаҳри ӯ,
Он гули пуркортар аз заҳри ӯ.
Он ба илоҷ аз тани худ заҳр бурд,
В-ин ба яке гул зи таваҳҳум бимурд.
Ҳар гули рангин, ки ба боғи замин аст,
Қатрае аз хуни дили одамӣ аст.