Достони мевафурӯш ва рӯбоҳ
Мевафурӯше, ки Яман ҷош буд,
Рӯбаҳаке хозини колош буд.
Чашми адаб бар сари раҳ доштӣ,
Кулбаи баққол нигаҳ доштӣ.
Кисабуре чанд шигарфӣ намуд,
Хеҷ шигарфеш намекард суд.
Дида ба ҳам зад, чу шитобаш гирифт,
Хуфту ба хуфтан раги хобаш гирифт.
Хуфтани он гург чу рубаҳ бидид,
Хоб дар ӯ омаду cap даркашид.
Кисабур он хоб ғанимат шумурд,
Омаду аз киса ғанимат бибурд.
Ҳар кӣ дар ин роҳ кунад хобгоҳ,
Ё сараш аз даст равад, ё кулоҳ...